Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади Шетинин дар Киев пайдо шуд


Ҷасади Александр Шетинин, журналист ва бунёдгузори Оҷонси хабарии "Новий регион", рӯзи 28-уми август аз манзилаш пайдо шудааст. Дар ин бора пулиси Украина хабар дод ва гуфт, ҷасади Шетенинро дӯстонаш ёфтаанд, ки бо нияти муборакбодии зодрӯз ба хонаи ӯ рафта буданд. Ҳоло мақомоти интизомии Украина ин парвандаро ҳамчун худкушӣ тафтиш мекунанд. Шетенин давоми 20 сол, то соли 2014, сармуҳаррири “Новий регион” буд. Барои интиқод аз амалкардҳои Кремл зери фишор қарор дошт ва баъдан дар пайи чунин фишорҳо тарки мақом кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG