Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши кашфу мусодираи маводи мухаддир дар Хатлон


Тибқи иттилои мақомоти қудратии вилояти Хатлон, мавориди мусодираи маводи мухаддир дар қаламрави ин минтақа дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бештар шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии вилояти Хатлон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 238 мавриди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 37 маврид бештар будааст.

Аз мақомоти қудратии вилояти Хатлон рӯзи ҷумъаи 26 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар пайи амалиёти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 596 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 118 килограмм зиёд аст. Ба иттилои ин манбаъ, мавориди кашфу мусодираи маводи мухадир бештар дар ноҳияҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон сурат мегирад. Ҳамчунин дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ чандин мавриди даргирии мусаллаҳона бо қочоқбарои афғон ба мушоҳида расидааст.

Охирон мавриди даргирӣ дар аввалҳои моҳи августи соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон будааст, ки дар натиҷа як қочоқбари афғон кушта ва аз ҷои ҳодиса миқдори 20 кило маводи мухадири навъи ҳероин кашфу мусодира шуд.

XS
SM
MD
LG