Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон раҳбари ҳизби сиёсиро дар хиёнат гунаҳгор кард


Дар паи эътирозҳои хушунатомези Карочӣ мақомоти Покистон раҳбари табъидии яке аз ҳизбҳои умдаи сиёсиро дар хиёнат ва барангехтани терроризм гунаҳгор карданд. Мақомот рӯзи 23 август Алтаф Ҳусайн, раҳбари ҷумбиши “Қавми муттаҳида”-ро барои пахши изҳороти, ба гуфтаашон, зиддипокистонӣ ва ҳам барангехтани хушунат айбдор донистанд.

Рӯзи 22 август баъди он ки Ҳусайн аз Лондон дар як паёми телефониаш матбуотро барои пӯшиш надодани гуруснанишинии эътирозии шашрӯза муттаҳам кард, издиҳоми кормандони ҷумбиши “Қавми муттаҳида” ба шабакаи телевизионии ARY News ҳамла карданд. Ин кормандон баъдан бо полис вориди задухӯрд шуда, як нафарро кушта ва чанд нафарро маҷрӯҳ карданд. Сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷумбиши “Қавми муттаҳида”-ро дар мушакандозӣ, одамрабоӣ, шиканҷа ва куштор айбдор карданд. Худи ҳизб ин иттиҳомотро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG