Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи "Қонуни афв" ба кумитаҳои парлумон рафт


Тарҳи "Қонуни афв" дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шуда ва матни ин тарҳ барои ошноӣ ва изҳори назар ба кумитаҳо пешниҳод шудааст. Саидҷаъфар Исмонов, вакили парлумони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, имрӯз панҷшанбеи 18 август дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи “Қонуни авф” мавриди баррасӣ қарор гиритф ва барои ошноии вакилон, ба кумитаҳо рафт.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили дигари Маҷлиси намояндагон гуфт, ҳоло тоза тарҳи қонуни мазкур ба кумитаҳо расидааст ва то рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда вакилон назару пешниҳодҳои худ оид ба банду моддаҳои ин тарҳро омода намуда ва ба муҳокима ироа хоҳанд кард. Ин тарҳ рӯзи 24-уми август дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 17 август тарҳи “Қонуни авф”-ро ба парлумон пешниҳод кард, ки бар асоси он мумкин аст, 3 ҳазор нафар зиндониро озод карда, ҷазои ҳазорон нафари дигарро сабук намоянд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 17-уми август гуфт, тарҳи қонун рӯзи 24-уми август дар нишасти Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, "мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ қонуни мазкур нисбати зиёда аз дувоздаҳ ҳазор нафар муттаҳам ба ҷиноят, боздоштшудагон ва зиндониён татбиқ мешавад."

Аз ҷумла, бештар аз 3 ҳазор зиндониро озод карда, 4 ҳазор нафари дигарро, ки ҷазои шартӣ гирифтаанд, авф мекунанд. Парвандаи ҷиноии 5 ҳазор нафари дигар, ки дар тафтиш қарор дорад, лағв мешавад ва ҳукми зиндони теъдоди зиёди дигарро камтар мегардад.

Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2014 дар арафаи 20-умин солгарди тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон қабул шуда буд ва бар асоси он беш аз 10 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷинояти мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

XS
SM
MD
LG