Раиси аёлати Луизиана мегӯяд, ки бештар аз 10 ҳазор нафар бо паноҳгоҳ таъмин шудаанд ва бештар аз 20 ҳазор нафари дигар аз селобҳои шадид дар ин аёлат наҷот дода шудаанд.
Ҷон Бел Эдвард 14 август гуфт, ки дар маркази аёлат дар Батон Руҷ паноҳгоҳҳое боз хоҳанд кард, то шумораи зиёди афроди наҷотёфта дар он ҷо муваққатан сукунат пайдо кунанд.
Эдвард гуфт, президент Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба вай занг задааст ва гуфтааст, ки аҳолии ҷануби Луизианаро аз ёд набурдаанд ва дар ҳақи онҳо дуо мекунанд ва ҳукумати федеролӣ бо онҳо хоҳад буд.
Баъд аз ҷорӣ шудани селобҳои шадид ҳукумати федеролӣ дар чаҳор ҳавзаи мазҳабӣ вазъи вижа эълон кардааст. Селоб бахше аз масоҳати аёлатро зер кардааст