Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти зидди "Давлати исломӣ" дар Мосул


Пешмаргаҳои курд. Акс аз бойгонӣ
Пешмаргаҳои курд. Акс аз бойгонӣ

Нирӯҳои ниманизомии курд, мавсум ба Пешмарга рӯзи 14 август ба амалиёт дар чорчӯби талошҳо барои аз ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” гирифтани шаҳри Мосул дар шимоли Ироқ шурӯъ кардаанд. Ин амалиёт ба дунболи тӯпборони шадид ва ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико ба роҳ андохта шуд. Фармондеҳи нирӯҳои Пешмарга гуфт, дар соатҳои аввали амалиёт 6 русто ба дасти онҳо гузаштааст. Мосул, воқеъ дар тақрибан 400-километрии шимоли Бағдод, бузургтарин шаҳри Ироқ аст, ки дар дасти ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” қарор дорад. Мосул амалан пойтахти “Давлати исломӣ” дар Ироқ маҳсуб мешуд. Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ гуфтааст, ки Мосулро то поёни сол ба даст хоҳанд овард.

XS
SM
MD
LG