Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 6 гаравгонро озод карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки 6 сарнишини чархболи суқуткардаи Покистон аз асорати ҷангҷӯён дар Афғонистон раҳо шуда, ба Исломобод баргаштаанд. Як мақоми аршади покистонӣ гуфт, вазъи 5 покистонӣ ва штурмани рус хуб аст. Ин 6 нафарро шаби 12 август дар ноҳияи қабиланишини Куррам дар наздикии марз бо Афғонистон баргардондаанд. Қаблан хабаргузориҳо шумори аъзои экипажи ин чархболро 7 нафар мегуфтанд. Чархболи Покистон, ки барои тармим бояд аз тариқи Узбакистон ба Русия мерафт, рӯзи 4 август дар вилояти Луғар дар шарқи Афғонистон дар як минтақаи таҳти назорати Толибон суқут кард. Ҷангҷӯён сипас чархболро оташ зада, сарнишинҳояшро асир гирифтанд.

XS
SM
MD
LG