Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як паноҳҷӯи эронии "дилшикаста"


Пулиси Дания рӯзи 10 август як паноҳҷӯи 22-солаи эрониро, ки таҳдид карда буд, ки худро дар болои бом метарконад, ба ҳабс гирифт. Пулис гуфт, ин мард аз “дилшикастагӣ” мехост худкушӣ кунад. Дар баёнияи пулис гуфта мешавад, ки ҳодисаи рухдода дар ҷазираи Фунени Дания ба робитаҳои романтикии хусусӣ рабт дошта, ангезаҳои сиёсие надоштааст. Ин мард дар пайи музокира бо пулис худро таслим кард.

XS
SM
MD
LG