Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини дабири кулли СММ ба Тоҷикистон омад


Гян Чандра Ачаря, муовини дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид, барои иштирок дар Симпозиуми байналмилалии “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 8 август ба Озодӣ гуфтанд, дар канори Гян Чандра Ачаря, инчунин, намояндагони боз 17 сохтори дигари СММ барои ширкат дар ин ҳамоиш вориди Тоҷикистон шудаанд.

Ба ин тартиб, тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то имрӯз беш аз 200 меҳмони хориҷӣ, ки бо шумули ҳайатҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои иштирок дар ҳамоиши Душанбе ба Тоҷикистон омадаанд. Қарор аст, то фардо, яъне оғози баргузории ҳамоиши Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 500 меҳмон аз 90 кишвари олам, 47 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, Бонки Ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва ғайра ба Тоҷикистон биоянд.

Ин симпозиум, дар Кохи Сомон, воқеъ дар бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 9-11 август баргузор шуда ва интизор меравад, дар оғози он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунад.

Интизор меравад, дар поёни кори симпозиум, санади вижа дар робита ба ин ҳамоиш таҳия ва қабул шавад. Ҳамчунин меҳмонони симпозиум аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба барномаҳои тафреҳӣ, назири боздид аз маконҳои дидании ин кишвар созмон дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG