Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ал-Ҳусейн аз ҳалқовези 20 нафар дар Эрон


Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Зайд Раад ал-Ҳусейн иҷрои ҳукми эъдом аз тариқи ҳалқовези 20 нафарро дар Эрон “беадолатии ҷиддӣ” номид.

Дар гузориши ал-Ҳусейн, ки рӯзи 5 август нашр шуд, омадааст, иҷрои ҳукми эъдом - беэътиноӣ ба ҳаққи маҳкумшудаҳо барои додгоҳи одилона аст. Бино ба гузориш, аксари афроди ин ҳафта эъдомшуда мусалмонҳои суннимазҳаб аз ҷамоаи курдҳои Эронанд.

Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин афрод аз вилоятҳои курднишин омадаанд ва аъзои гурӯҳи ифротгарои “Тавҳид ва ҷиҳод” буданд.

Ба иттилои созмони Amnesty Internationalё Афви Байнулмилал, соли гузашта дар Эрон ҳукми эъдоми дасти кам 977 нафар иҷро шуд. Эрон баъд аз Чин дуввумин кишварест, ки ҳукми эъдом аз ҳама бештар иҷро мешавад.

XS
SM
MD
LG