Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз ироаи 300 миллион доллар ба Покистон худдорӣ кард


Вазорати дифои ИМА аз ирсоли 300 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистон худдорӣ кард, зеро, ба ақидаи Пентагон, Исломобод алайҳи шабакаи Ҳаққонӣ аз чораҳои кофӣ кор нагирифтааст.

Шабакаи Ҳаққонӣ, ки онро ИМА ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кардааст, дар Афғонистон ва Покистон фаъолият мекунад.

Бино ба гузориши нашрияи The Washington Post, аз ин пеш Конгресси ИМА гуфта буд, 300 миллион доллар, як бахш аз кӯмаки як миллиарддолларии Вошингтон, баъди он ба Покистон ироа мешавад, ки вазири дифоъ Эш Картер дар бораи комёбиҳои нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дар мубориза бо шабакаи Ҳаққонӣ то рӯзи 30 июн дар Конгресс гузориш диҳад.

Адам Стамп, намояндаи вазорати дифои ИМА ба рӯзнома гуфт, раҳбари Пентагон аз суханронӣ дар Конгресс худдорӣ кард ва ин маънои худдорӣ аз ироаи 300 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистонро дорад.

Рӯзнома дар як матлаб рӯзи 4 август навишт, ки ин тасмим шояд зарбаи ҷиддӣ дар робитаҳои ИМА ва Покистон шавад.

Аз соли 2002 ба ин сӯ ИМА дар чаҳорчӯби кӯмаки низомӣ ба Исломобод барои баргузории амалиёт алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ тақрибан 14 миллиард доллар ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG