Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури боздошти 42 хабарнигор дар Туркия


Эътироз алайҳи ҳабси хабарнигорон дар Туркия (акс аз бойгонӣ)
Эътироз алайҳи ҳабси хабарнигорон дар Туркия (акс аз бойгонӣ)

Мақомоти Туркия дастури ҳабси 42 хабарнигорро ироа карданд. Дар ин бора рӯзи 25 июл шабакаи телевизионии хусусии NTV хабар дод.

Ҳабси хабарнигорон, ба иттилои хабаргузории Рейтер, охирин марҳала дар маъракаи саркӯбии мухолифин аз сӯи ҳукумати раисиҷумҳур Раҷаб Тайиб Эрдуғон баъд аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ аз сӯи гурӯҳи низомиён дар Туркия аст.

NTV мегӯяд, миёни онҳое, ки бояд ба ҳабс гирифта шудааст, шореҳи маъруф ва собиқ вакили парлумон Нозлӣ Иличак низ ҳаст.

Рӯзномаи “Ҳуррият” рӯзи душанбе бо такя ба мақомоти ҳукуматӣ навишт, ки хабарнигорон бо рӯҳонии маъруфи муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гулен робита доранд. Онҳоро ҳукми тулонии маҳбас – аз даҳ сол то ҳукми абад интизор аст, менависад рӯзнома.

Баъд аз кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар шоми 15 июл мақомоти Туркия беш аз 60 ҳазор нафар низомиён, кормандони полис, додрасҳо, омӯзгорону донишмандон ва хизматчиёни давлатиро боздошт карданд. Алайҳи теъдоди бузурги онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG