Баъд аз задухурдҳои охири эътирозгарон бо пулис дар назди бинои шӯъбаи вазорати корҳои дохилаи Арманистон дар Ереван 16 нафарро боздошт кардаанд.
Кумитаи тафтишоти ин кишвар хабар додааст, ки онҳоро барои даст доштан дар задухурдҳо муттаҳам медонанд. Дар маҷмӯъ бо ин сабаб 28 нафар боздошт шудаанд.
Шоми рӯзи чаҳоршанбе дар назди бинои шӯъбаи вазорати корҳои дохила ба сӯи кормандони пулис эътирозгарон сангандозӣ карданд. Ин шӯъбаи пулисро фаъолони ҷунбиши “Порламони муассис” ба тасарруфи худ даровардаанд.
Бино ба маълумоти расмӣ дар ин задухурдҳо тақрибан 50 нафар осеб дидаанд, ки 25 нафари онҳо кормандони пулис мебошанд.