Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои президенти Туркманистон деҳаи "муваққатӣ" сохтанд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон барои кушодани деҳаи навбунёд ба вилояти Лебапи кишвараш сафар кардааст.

Барои ӯ мулоқоти олӣ ташкил карда, ба кӯчаҳои деҳа гардонида, хонаҳои нав ва бозори пур аз маҳсулотро нишонаш додаанд. Намоиши чандҳазорнафарӣ барои як бинанда ташкил шудааст.

Кӯдакон президентро бо нидои "Салом падари мо! Шумо моро бо нерӯи худ гарм мекунед! Ба деҳаи мо хуш омадед!" пешвоз гирифтаанд.

Аммо ҳамин ки президент аз деҳа берун рафт, ин деҳа ба якборагӣ холӣ шуд. Ҳамроҳ бо одамон қолинҳо ва парчамҳо ҳам нопадид шуданд. Бозор низ холӣ гардид. Ва ҳатто номи деҳаро ҳам пок карданд.

Видеоҳои охирин

Навори аз по афтидани Фахриддин Собиров нашр шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:17:38 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG