Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирории афғон ба мусофирон бо табар ҳамла кард (ВИДЕО)


Дар манзили фирории афғони ба мусофирони қатора дар ҷануби Олмон бо корду табар ҳамлакарда парчами худсохти гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайдо шуд.

Дар ин бора хабаргузории Рейтер рӯзи 19 июл бо такя ба вазири умури дохилии замини федеролии Бавария Йоахим Ҳерман иттилоъ дод.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс аз қавли масъулини вазорат навиштааст, ки ҳамлагаро исломгаро буд, зеро, ба гуфтаи баъзе аз шоҳидони ҳодиса, ӯ бо нидои «Аллоҳ Акбар!” ба мусофирони қатора дар байни шаҳри Оксенфурт ва истгоҳи Вюртсбург ҳамла карда буд.

Ҳамзамон намояндаи вазорат таъкид кард, ки тафтиши ҳодиса анҷом наёфтааст ва ҳадс зада мешавад, ки ин ҷавон танҳо ба ин амал даст зада буд.

Фирории афғон ба мусофирон бо табар ҳамла кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Радиои Deutsche Welle бо такя ба гуфтаҳои Йоахим Ҳерман навишт, дар ин ҳодиса ҷавони афғон гумонбар мешавад, ки чанде пеш ҳамроҳ бо дигар паноҳандагон вориди Олмон шуда буд ва дар шаҳри Оксенфурт ба сар мебурд. Мақомот ному насаби ҳамлагарро ҳанӯз ошкор накардаанд.

Ҳодиса соати 21.15 дақиқаи шаб дар дохили қатораи байнишаҳрӣ сурат гирифт.

Ба иттилои полис, дар ин ҳодиса дасти кам се нафар ҷароҳати ҷиддӣ бардошта, як нафар маҷрӯҳ шуд ва 14 нафар дар ҳоли шок қарор доранд. Вазъи дасти кам ду нафар вахим арзёбӣ мешавад. Худи ҳамлагар баъд аз таваққуф кардани қатора фирор карданӣ шуд ва аммо аз тири кормандони полис кушта шуд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ ба зимма нагирифтаааст. Дар ин гуна ҳамлаҳо қаблан ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” мекарданд. Ин гурӯҳ чанд рӯз пеш эълом дошт, ки ҳамлаи маргбор дар шаҳри Нитсаи Фаронсаро, ки аз сӯи ронандаи мошини боркаш сурат гирифт, як ҷонибдори ДИИШ анҷом додааст. Дар он ҳодиса 84 нафар кушта ва садҳо каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG