Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Талоши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ноком шуд


Дар шаҳри Анкара рӯзи 16 июл ҷаласаи изтирории парлумони Туркия баъд аз талоши табаддулоти давлатӣ шурӯъ шуд. Ду ҳизби мухолифи давлат талоши табаддулоти давлатиро маҳкум карданд.

Бино ба иттилои ахир, бар асари бенизомиҳо ва бархӯрдҳо дар манотиқи гуногуни кишвар, дасти кам 90 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1100 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Охирин гурӯҳи ошӯбгарон - тақрибан 50 сарбоз, ки дар купруки болои Босфор аз тонкҳо сӯи мардуми осоишта оташ кушода буданд, таслим шуданд. Аммо ба гуфтаи нахуствазир Биналӣ Йилдирим, гурӯҳ аз ошӯбгарон чанд чархбол ва ҳавопаймои низомиро рабудаанд.

Ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба тонкҳо, ки атрофи қасри раисҷумҳурро муҳосира карда буданд, зарба заданд.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон чанд соат пеш ба қароргоҳаш дар Анкара баргашт ва гуфт, ки ошӯб саркӯб шудааст ва саркардаҳои он ба таври шадид муҷозот мешаванд.

Ба гуфтаи нахуствазир Йилдирим, генерале, ки ошӯбро тарҳрезӣ карда буд, кушта шудааст ва тақрибан 800 нафар ба ҳабс гирифта шуданд. Ба думболи ин хабаргузориҳо бо такя ба мақомоти расмӣ, дар бораи ҳабси 1563 афсару сарбоз хабар доданд. Вазири умури дохилии Туркия Эфкан Ала дар бораи истеъфои панҷ генерал ва 29 полковник амр содир намуд.

Дар хиёбонҳои Анкара ва Истамбул ҳанӯз ҳам техникаи низомӣ ба чашм мерасад. Телевизиони давлатӣ пахши барномаҳояшро аз сар гирифт.

Шаби гузашта як гурӯҳ аз низомиёни турк эълом доштанд, ки ба ҳайати фармондеҳӣ итоат нахоҳанд кард. "Шӯрои сулҳ", ки ба он афсарони воломақом шомил буданд, дар бораи дар Туркия ҷорӣ кардани вазъи низомӣ ва барканории ҳукумати феълӣ хабар дод.

Раисиҷумҳур Эрдуғон дар як изҳорот аз тариқи телефони мобил аз шаҳрвандон хост, ки ба хиёбонҳо бирезанд ва аз ҳукумати қонунӣ дифоъ намоянд. Ҳанӯз маълум нест, ки пушти саҳнаи ин ошӯб киҳо нишастаанд.

XS
SM
MD
LG