Бар асари садамаи автобус дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастикам 9 нафар ҳалок ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Вазорати дохилаи Доғистон рӯзи 13 июл гуфт, баъди ин садама, ки дар шоҳроҳи Махачқалъа – Астрахан дар наздикии рустои Таловка дар ноҳияи Тарумовкаи ин ҷумҳурии Қафқози шимолӣ рух дод, 27 нафарро ба бемористон интиқол додаанд. Автобус дар маҷмӯъ 33 мусофир доштааст. 4 тан аз захмиён кӯдакон будаанд. Бино ба хабарҳо, ин автобус ба як мошини боркаши КамАЗ бархӯрдааст.