Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилро барои душаҳрвандӣ аз порлумон ронданд


Жиргалбек Самадов
Жиргалбек Самадов

Коммисияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) мандати вакилии Жиргалбек Самадовро дар порлумони ин кишвар барои доштани шаҳрвандии Русия бекор кард. Ба гуфтаи Алгиз Шукуралиев, сардори шуъбаи ҳуқуқи ин комиссия, Самадов шаҳрвандии Русияро соли 2001 дар Қазон дарёфт кардааст. Даст кашидани Самадов аз шаҳрвандии Русия дар ягон ниҳоди дахлдори ин кишвар қайд нашудааст ва Шукуралиев ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи вакили қирғиз дар ин бораро шубҳаовар хонд. Зеро ягон ниҳоди дахлдори Русия натавонистааст тасдиқ кунад, ки онҳоро ба Самадов додааст. Жиргалбек Самадов, ки дар ҷаласаи КМИР ҳузур дошт, шаҳрванди Русия буданашро рад карда, гуфт, санадҳои пешниҳодшуда дар ин бора қалбакӣ ҳастанд. Аммо аъзои КМИР-и Қирғизистон ба ин кафолати ӯ нигоҳ накарда, якдилона мандати вакилиашро дар Жогорку Кенеш бекор карданд. Жиргалбек Самадов дар интихоботи соли 2015 вакили порлумони Қирғизистон интихоб шуда буд. Баъдан ҷиноҳи "Республика-Ота-Журт" талош намуд, барои ҳамзамон шаҳрванди Русия буданаш ӯро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум кунад. Аммо Самадов ба воситаи Додгоҳи олии Қирғизистон тавониста буд мандати вакилиашро ҳифз кунад.

XS
SM
MD
LG