Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Туркия ба рӯи сайёҳон аз Русия боз шуд


Баъди 8 моҳи бӯҳрони дипломатии байни Маскаву Анкара субҳи 9 июл нахустин ҳавопаймои чартерии Русия ба фурудгоҳи Анталияи Туркия нишаст. Ҳавопаймои “Российские Авиалинии” нахустин гурӯҳи сайёҳони русро дар ҳоле ба Туркия овард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар поёни моҳи июн расман таҳрими сайёҳӣ бо Туркияро аз байн бардошт. Русия фурӯши роҳхатҳои сайёҳӣ ба Туркияро моҳи ноябри соли 2015, дар пайи аз сӯи нирӯҳои Туркия зада шудани ҳавопаймои ҷангиаш дар марзи Туркия бо Сурия манъ кард. Путин рӯзи 30 июн дар пайи дарёфти номаи ҳамтои туркаш Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки ба гуфтаи Маскав, дар он барои суқути ҳавопаймо узрхоҳӣ мешуд, роҳи саёҳат ба Туркияро аз нав боз кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG