Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Аз Туркия ҳанӯз муроҷиатнома нагирифтаем


Хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли хадамоти матбуотии вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар навиштаанд, ки мақомоти Қирғизистон ба таври расмӣ дар бораи боздошти ду шаҳрванди кишварашон дар робита бо бамгузории 28 июн дар фурудгоҳи Истамбул аз Туркия муроҷиатномаи расмӣ нагирифтаанд.

Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон гуфтааст, баъд аз пайдо шудани хабар дар бораи боздошти ду шаҳрванд бо шиносномаҳои қирғизӣ ба зудӣ ба ниҳодҳои зидахли Туркия барои дарёфти маълумот дархост фиристодаанд.

Ҳамзамон рӯзи чаҳоршанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки аз хабари ҳамкорони туркии худ огаҳӣ доранд, вале онҳо аз роҳҳои худ ин хабарро тафтиш хоҳанд кард.

Хадамоти давлатии сабти номи шаҳрвандони Қирғизистон истисно намедонад, ки шояд ин ду нафар бо худ шиносномаҳои дуруғини Қирғизистонро доштаанд. 28 июн дар фурудгоҳи байналмиллалии Истамбул амали террористӣ анҷом гирифт ва дар он 43 нафар ба қатл расиданд.

Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ пулиси зиддитеррори Туркия 30 нафарро ба эҳтимоли даст доштан дар ин амал боздошт кард ва гуфт, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Қирғизистону Русия ва Тоҷикистон ҳастанд. Гумон меравад, ки ҳамаи онҳо бо тундравҳои Давлати Исломӣ иртибот доранд.

XS
SM
MD
LG