Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор кушта дар бомбгузории Мадина


Бар асари бомбгузории маргталабона дар наздикии маконҳои муқаддаси шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ 4 маъмури амниятӣ кушта шуда, чунин ҳамлаҳо дар назди масҷиди шиъаҳо ва консулгарии Амрико дар ду шаҳри дигари Саудӣ нигарониҳо дар бораи таҳти ҳадафи ҳамоҳангшуда қарор гирифтани ин кишварро бештар кардааст. Вазорати дохилаи Саудӣ гуфт, дар ҳамлаи рӯзи 4 июл дар назди масҷиди воқеъ дар маҳалли дафни Паёмбар Муҳаммад дар шаҳри Мадина 5 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳар сол миллионҳо мусалмон дар чорчӯби сафари Ҳаҷ аз ин масҷид зиёрат мекунанд. Вазорати дохила гуфт, маргталаб баъди ба ӯ машкук шудани маъмурони амниятӣ бомбро дар таваққуфгоҳ партофтааст. Ҳанӯз ягон гурӯҳ масъулияти ҳамлаҳо дар маконҳои муқаддаси Саудиро ба дӯш нагирифтааст. Ин таркишҳо дар ҳолест, ки мусалмонон ба хатми моҳи шарифи Рамазон ва таҷлили иди саиди Фитр омодагӣ мегирифтанд. Масъулияти силсилаи ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта дар Туркияву Бангладеш ва Ироқро созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифта буд. Телевизиони Саудӣ навореро намоиш дод, ки ҳазорон зоир дар Мадина баъди таркиш ҳам дар масҷиди Паёмбар боқӣ монда, баъди ҳамагӣ чанд соат дар инҷо намоз гузориданд. Дар шаҳри Қатиф – як маҳалли асосии зисти ақалияти шиъаҳо як ё ду таркиш дар наздикии масҷиди шиъаҳо рух додааст. Сухангӯи нирӯҳои амниятии Саудх гуфт, ҷасади бомбгузор ва ду нафари дигар ташхис шудаанд. Шоҳидон мегӯянд, таркиш ҷасади зоҳиран бомбгузорро пора-пора карда буд.

XS
SM
MD
LG