“Қатори мурувват: саломатии муҳоҷирон” баъд аз чаҳор рӯзи сафар шоми 29 июн аз Душанбе ба Маскав расид. Бори аввал қатори Душанбе-Маскав бо намояндагони Ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистону Қазоқистон 25 июн аз Душанбе ба роҳ баромад. Дар қаламрави Русия ба он намояндагони Ҷамъияти Салиби Сурхи Русия низ ҳамроҳ шуданд. Ин гурӯҳ аз 11 нафар коршиносон иборат буд.
Чун муҳоҷирон бештар бо қатор сафар мекунанд, довталабон ё коршиносони ҷамъиятҳои мазкур дар қатор ба муҳоҷирони корӣ ҳамроҳ шуданд ва дар давоми 4 рӯзи сафар дар роҳ ба муҳоҷирон роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳо дар қаламрави Русия ва қонунҳои иқоматро ба муоҷирон тавзеҳ медоданд. Ин чорабиниро намояндагии Федератсияи Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Маскав ташкил кард.
Даврон Муҳаммадиев, раҳбари ин созмони байналмиллалӣ дар Маскав мегӯяд, “ҳадафи асосии ин барнома боло бурдани сатҳи огаҳии муҳоҷирони корӣ аз бемориҳои норасоии масъунияи бадан ё ВИЧ СПИД, бемории сил, роҳҳои пешгирии ин бемориҳо ва пешгирӣ аз бемориҳои дигар дар қаламрави Русия мебошад. Масъалаи дуввум, ошно кардани муҳоҷирон бо қонунҳои муҳоҷиратии Русия буд. Танҳо соли 2015 дар Русия роҷеъ ба муҳоҷирати корӣ 15 қонуни нав қабул шудааст”.
Дар “Қатори мурувват: саломатии муҳоҷирон” бештар аз 250 муҳоҷири корӣ ба Русия сафар мекарданд. Дар ҷараёни сафар коршиносони Ҳилоли Аҳмар имкон доштанд, ки ба таври муфассал дар бораи ин масъалаҳо бо савияи дониши муҳоҷирон ошно шаванд ва ба онҳо маълумот диҳанд. Муҳаммадиев мегӯяд, “аз ҳар 30 нафаре, ки гурӯҳи коршиносон дар қатор пурсиш анҷом додаанд, фақат як нафар аз бемориҳои сил, ВИЧ СПИД ва қонунҳои муҳоҷират то андозае огаҳӣ доштааст. 29 нафари дигар тамоман огаҳӣ надоштаанд. Баъд аз тавзеҳоти гурӯҳи мо акнун ин муҳоҷирон маълумоти кофӣ ба даст овардаанд ва метавонанд онро дар кору зиндагии худ дар қаламрави Русия истифода баранд”.
Илҳом Раҳимов, мудири шӯъбаи тандурустии Ҳилоли Аҳмари Точикистон
яке аз аъзои ин гурӯҳ буд, ки дар таркиби ҳайати коршиносон бо муҳоҷирон аз Душанбе то Маскав омадааст. Вай мегӯяд, ки ин навъи кор бо муҳоҷирон падидаи нав аст ва бояд аз муддатҳо пеш оғоз мешуд: “Умуман муҳоҷирон на танҳо дар бораи пешгирии бемориҳо маълумот надоранд, балки дар бораи тарзи зист ва кор дар Русия ҳам дониши ҳуқуқӣ надоранд. Мо дар тааҷҷуб монда будем ва мепурсидем, ки чӣ тавр бо ин ҳол шумо ба Русия меравед? Мегуфтанд, ки илоҷи дигар надоранд. Мо аз худи онҳо низ пешниҳодҳои зиёд гирифтем. Масалан, мегуфтанд, ки бояд ин корҳоро барвақтар сар мекарданд ва дар вокзали роҳи оҳани Душанбе маркази фаҳмондадиҳӣ мекушоданд”.
Ташкили “Қатори мурават: саломатии муҳоҷирон” аввалин ҳамкории Федератисия Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Маскав нест.
Иброҳим Аҳмадӣ - сухангӯи ин намояндагӣ мегӯяд, онҳо дар гузаштаҳо низ дар ҷойҳои таҷаммуи муҳоҷирон дар қаламрави Русия ин гуна корҳои иттилоърасониро анҷом додаанд ва чунин ҳамкорӣ натиҷаҳои хуб додааст. Оқои Аҳмадӣ мегӯяд, дар ин қатор муҳоҷирон намедонистанд, ки муолиҷаи бемории сил дар Тоҷикистон ройгон аст, вале дар Русия саргардониҳои зиёд дорад. ”Муолиҷаи бемории сил дар Русия якчанд марҳила ва муддати тӯлониро дар бар мегирад. Муҳоҷирон пули зиёд ҳам сарф мекунанд. Ба ҳамин сабаб мо ба муҳоҷирон пешниҳод мекунем, ки дар сурати гирифторӣ ба ин беморӣ? беҳтар аст ба Тоҷикистон баргарданд ва табобатро ба таври ройгон дар он ҷо гиранд”.
Ҳайати гурӯҳи Федератсияи Байналмиллалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар қатори Душанбе-Маскав ба муҳоҷирон китобчаҳои роҳнамо барои муҳоҷирро тақсим кардаанд. Аксари муҳоҷирон барои дӯстону хешовандони муҳоҷири худ низ аз ин роҳнамо гирифтаанд ва ба ин тартиб дар ҷараёни сафар то Маскав бештар аз 1000 нусха роҳнамо тақсим шудааст.
Дар қаламрави Русия аксар вақт муҳоҷироне иштибоҳ содир мекунанд, ки аз қонунҳои ин кишвар хабар надоранд ва бидуни омодагии пешакӣ ба ин кишвар меоянд. Даврон Муҳаммадиев мегӯяд, барои ҳамин зарурат пеш омад, ки чунин роҳи расондани маълумот ё омода кардани муҳоҷиронро дар ҷараёни сафар дар қатор таҷриба кунанд ва бубинанд, ки он чӣ самара медиҳад.
Ягон муаммо нест. Пулро обу лой карда наврӯзу идҳои харбузаву фестивали каду гузаронданд. Пул аз осмон намеояд ку, бояд аз ягон ҷо гирифта шавад. Мана ин оқибаташ. Танҳо одами гумроҳ дар бонкҳои Тоҷикистон пул мегузорад. Дар давлате ки қонун кор намекунад, дар давлате ки ҳокимияти судӣ тамоман вуҷуд надорад ва судяҳо ҳалқабагӯшони ҳукуматанд дурусташ аз як нафар ва оилаи ӯ, шумо адлу инсофу ҳаққу ҳуқуқ мехоҳед? Табиати бонк худаш дуздӣ аст, дар давлатҳои мисли мо механизми ғорати мардум.
Боз салом бар НОМУСАЛМОН! Ҷавоби ман возеҳу равшан буд, ман ҳам суол додам, ки шарму ҳаёро бо чи чен кунем, яъне шарму ҳаё, виҷдон, эмон инҳо неъматҳое ҳастанд, воҳиди ченак (кг, литр, куб ва ......) надоранд, бо амал каму зиёд мешаванд ё тамоман аз байн мераванд ва идоракунандаи ососии онҳо НАФС мебошад ва агар нафси худро идора накунӣ бешарму бевиҷдон ва ғ.... мешавӣ. ГАР БАР САРИ НАФСИ ХУД АМИРӢ МАРДӢ......
Як х,амшах,риамон дар хорич,а(ИМА,Гурч,истон,Аморат ва РФ) ба тич,орат машfул аст .Боре х,амкорони гурч,ии худро ба Точ,икистон овард .Онх,о 6 нафар ва тахминан 30-35 сола буданд .Хеле озода , босавод ва хоксор .Як сухани онх,о чунин буд : Мо 5 миллион нафарем ва 10-15 довталаби х,ак,ик,й ба мансаби рох,бари давлат дорем . Дар мо чй ?
Ҳоло куҷост он раиси ноҳия? Ба чӣ кор машғул аст? Дар кадом ноҳияи дигар боз раисӣ дорад? Прокуратураи генералӣ чаро он раисро ба ҷавобгарӣ накашидааст? Чихел барои як замин се қарор мебаромадааст? Камаш ду сол бояд зиндон шинад он раис.
Маҷлис гузаронӣ солҳои ҳафтодум барин, ҳоли мардум солҳои чилум барин. Куҷо мерафта бошад ин аробви шикастаи ҳукумати Раҳмон?