Рамазон Қодиров-раҳбари Чеченистон, ки аз ҳимояти Кохи Кремли Маскав бархурдор аст мегӯяд, ки бори дигар худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ мекунад.
Вай аз соли 2007 ба ин сӯ мақоми раёасти ҷумҳуриро бар уҳда дорад ва дар аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки мехоҳад аз ин мақом канор равад.
Мӯҳлати раёсати ҷумҳурии вай моҳи апрели соли ҷорӣ ба поён расида буд. Вале Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мӯҳлати вайро то моҳи сентябр тамдид кард, то интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шавад.
Хабаргузориҳои Русия аз қавли Қодиров гуфтаанд, ки вай барои пешбарии номзадиаш ҳуҷҷатҳои заруриро омода кардааст. Худи Қодиров низ дар ин бора дар сафҳаи Инстаграми худ навиштааст.
Фаъолони ҳуқуқи башар вайро барои нақзи ҷиддии ҳуқуқ, аз ҷумла одамрубоӣ, шиканҷа ва кушторҳои бидуни додгоҳӣ муттаҳам медонанд.