Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни ҳамлаҳо дар фурудгоҳи Отатурк афзоиш ёфт


Фурудгоҳи Отатурк дубора фаъол шуд
Фурудгоҳи Отатурк дубора фаъол шуд

Шаҳрдори Истамбул дар бораи то 41 нафар афзоиш ёфтани теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Отатурк хабар доданд. Бино ба баёнияе, ки рӯзи 29 июн нашр шуд, дар ин ҳодиса 239 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи чаҳоршанбе парвозҳо аз фурудгоҳи Отатурки Истамбул пас аз ҳамлаҳои террористии як рӯзи пеш аз сар гирифта шуданд.

Дар ин бора нахуствазири Туркия Биналё Йилдирим рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо хабарнигорон бо такя ба изҳороти фурудгоҳ иттилоъ дод.Сомонаи интернетии фурудгоҳ ҳам рӯзи 29 июн навишт, ки ширкати Turkish Airlines чанд парвоз дар хатсайрҳои байнулмилалӣ ва маҳаллиро анҷом медиҳад ва аз ин рӯ мусофирон ба эълонҳо дар бораи парвозҳо гӯш ба қимор бошанд.

Ба иттилои телевизионии CNN Turk, фурудгоҳ баъд аз ҳамлаҳои террористии шоми 28 июн барои чанд соат пурра баста буд ва рӯзи чаҳоршанбе ба мусофирон иҷозаи вуруд ба терминалро доданд.

Нахуствазир Биналӣ Йилдирим аз бинои осебдидаи фурудгоҳ дидан кард ва ҳадс зад, ки ҳамлаи террористӣ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудааст. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамлаи террористӣ алайҳи шаҳрвандони бегуноҳро шадидан маҳкум кард.

Кохи Сафед, Созмони Милали Муттаҳид, Олмон ва дигар кишварҳо ҳамлаҳо дар фурудгоҳи Отатурки Истамбулро маҳкум намуда, ба пайвандони қурбониён изҳори ҳамдардӣ карданд.

XS
SM
MD
LG