Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи нави артиши Эрон


Ҳасан Фирӯзободӣ (аз чап) ва Муҳаммад Боқирӣ (аз рост)
Ҳасан Фирӯзободӣ (аз чап) ва Муҳаммад Боқирӣ (аз рост)

Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳи Алии Хоманаӣ генерали Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Муҳаммад Боқириро фармондеҳи ситоди нирӯҳои мусаллаҳи кишвар таъин кард. Фармони Хоманаӣ, ки сарфармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳам ҳаст, рӯзи 28 июн дар сомонаи расмиаш нашр шуда, ин генералро барои “хидматҳои пурарзиш”-аш дар даврони ҷанг бо Ироқ дар солҳои 1980-1888 ситоиш мекунад. Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, Боқирӣ 55 сол дошта, дар Хотам-ал-анбиё, як ниҳоди вобаста ба Сипоҳи посдорон кор кардааст. Хотам-ал-анбиё масъулияти ҷамъоварии маблағ барои амалиётҳои Сипоҳро бар дӯш дорад. Боқирӣ дар мақоми фармондеҳи ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳасан Фирӯзободиро, ки ба навбаи худ мушовири аршади сарфармондеҳ таъин шудааст, иваз кард. Бародари калонии Боқирӣ – Муҳаммадҳасан Боқирӣ – аз фармондеҳони маъруфи Сипоҳ буд, ки дар ҷанг бо Ироқ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG