Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон рафт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн бо сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар маросимҳои таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рафт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахон аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт ва ӯ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқии обии "Мотравн"-и ҷамоати Язгулом ошно шудааст. Ӯ ҳамчунин бо раҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот кардааст.

Қарор аст сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон чаҳор рӯз идома бикунад. Интизор меравад, ки ӯ аз ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва шаҳри Хоруғ дидан намуда ва дар расми ифтитоҳи чандин иншоотҳои нав ширкат намояд.

Таҷлили расмии Рӯзи ваҳдат имсол дар Бадахшон бо ширкати мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла раиси ҷумҳур баргузор мешавад.Тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор хоҳанд шуд. Охирин сафари оқои Раҳмон ба ин вилоят дар моҳи июли соли гузашта анҷом шуда буд.

XS
SM
MD
LG