Кореяи Шимолӣ рӯзи чаҳоршанбе, 22 июн, ду мушаки балластикии парвозашон доираи амалаш миёнаро озмоиш кард. Ба иттилои мақомоти Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА, озмоиши ҳадди аққал яке аз ин мушакҳо ноком шуд.
Баъд аз он ки мушаки аввали "Мусудан" дар баҳри Ҷопон суқут кард, маҳвораҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико партоби мушаки дуввумро сабт карданд. Мушаки дуввум баъд аз 400 километр ба замин сарозер шуд.
Вазорати умури хориҷии Амрико ин озмоишҳоро маҳкум кард ва гуфт, ки ин мавзӯъро барои баррасӣ ба Шӯрои амнияти СММ пешниҳод мекунад ва хостори муҷозоти Кореяи Шимолӣ мешавад.
Пхенян аз миёнаҳои моҳи апрел ба ин сӯ шаш бор мушакҳои нави балластикии "Мусудан"-ро озмоиш кард, ки ба гуфтаи мутахассисони ғарбӣ, тули парвозашон то 4 ҳазор километр аст. То ҳол панҷ озмоиш ноком буд.
Мушаки нави «Мусадан» метавонад то ба ҷазираи Гуами Амрико бирасад, ки он ҷо пойгоҳи бузурги низомӣ ҷойгир шудааст. Нозирон мегӯянд, раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин мехоҳад намоиш диҳад, ки Пхенян метавонад ба қаламрави Амрико бо силоҳи ҳастаӣ ва кимиёвӣ зарба занад. Кореяи Шимолӣ борҳо ба ИМА таҳдид кардааст, ки соҳиби силоҳи ҳастаӣ шудааст ва ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико посухи сазовор хоҳад дод.