Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 кӯдак дар тӯфон ҷон бохтанд


Сямозеро
Сямозеро

Бар асари тӯфон дар кӯли Сямозеро дар ҷумҳурии Карелияи Русия дар наздикии марзи Финландия дастикам 10 кӯдак ҷон бохтаанд. Екатерина Биктимирова, як масъули вазорати фарҳанги Карелия ба хабаргузории ТАСС гуфт, “гурӯҳи иборат аз 49 нафар рӯзи шанбе барои қаиқронӣ рафта буданд. Ин гурӯҳ худро дар хадамоти фавқулодда сабти ном накарда буд.” Биктимирова гуфт, кӯдакон аз шаҳри Маскав буда, аз 12 то 15 сол доштанд ва онҳоро калонсолон ҳамроҳӣ мекарданд. Матбуоти Русия мегӯяд, кӯдакон шаби гузашта ҳангоми ҳамлаи тӯфон дар ду киштӣ буданд. Ҳарду киштӣ бар асари тӯфон ғарқ шуд. 13 нафарро аз об берун кашидаанд ва дастикам ду нафари дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин бо изҳори таслият ба хонаводаҳое, ки азизони худро дар ин фалокат аз даст додаанд, дар Твиттер навишт, ки “дар Карелия фоҷиаи бузурге рух дод.”

XS
SM
MD
LG