Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи Торхам аз нав боз шуд


Гузаргоҳи Торхам баъди бозкушоӣ
Гузаргоҳи Торхам баъди бозкушоӣ

Гузаргоҳи асосӣ дар марзи баҳсии Афғонистону Покистон баъди 6 рӯзи даргириҳои хунин байни нирӯҳои амниятии ду кишвар боз шудааст. Ҳарду ҷониб рӯзи 18 июн гуфтанд, ки гузаргоҳи Торхам дар пайи ба тавофуқ даст ёфтани Кобулу Исломобод дубора кушода шуд. Атоуллоҳ Хогиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, барои бозкушоии гузаргоҳ музокирот дар сатҳи ҳам марказӣ ва ҳам маҳаллх мусоидат кардааст. Рӯзи 12 июн дар даргириҳо байни нирӯҳои амниятии Афғонистону Покистон дар Торхам дастикам 5 нафар кушта ва ҳудуди 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Иллати даргирӣ баҳс бар сари нақшаи Покистон барои сохтани девори изофӣ дар ин қитъаи марз будааст. Мақомоти афғон мегӯянд, ки ин девор аз қаламрави онҳо мегузарад. Покистон инро рад мекунад. Афғонистон хатти Дюранро, ки соли 1893, ҳанӯз дар даврони мустамликадорӣ кашида шудааст ва ҳоло марзаш бо Покистон рӯи он мегузарад, қабул надорад. Торхам муҳимтарин гузаргоҳ дар марзи Покистону Афғонистон буда, ҳар ҳафта аз тариқи он ҳазорон мошин убур мекунанд.

XS
SM
MD
LG