Пулиси вилояти Панҷоби Покистон гуфт, як зани покистониро бо иттиҳоми дар ин кишвар камназири ба рӯи дӯстписараш пошидани кислота дастгир кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, Мумил Май, модари 4 фарзанд аз шаҳри Мултон бо Садоқат Алӣ ном марди мутааҳҳил робита доштааст. Мумил аз Садоқат талаб кардааст, ки бо ӯ ҳамчун зани дувум издивоҷ кунад. Вақте мард рад мекунад, зан ба рӯяш кислота пошидааст. Чанд зан доштан барои мардҳо дар Покистон қонунист, вале занҳо пеш аз издивоҷи дубора бояд аз ҳамсари худ ҷудо шаванд. Ошиқ Малик, сартабиби бемористони давлатии Мултон ба Франс Пресс гуфт, тақрибан 60 дарсади бадани Садоқат Алӣ сӯхтааст. Ҳар сол дар Покистон садҳо нафар, аксаран занон ҳадафи ҳамла бо кислота қарор мегиранд.