Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи амрикоӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико генерал Ҷозеф Л. Вотел мулоқот намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки рӯзи 15-уми июн дар Қасри миллат баргузор шуд, "масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияту суботи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд."

Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳкими ҳамкориҳо дар дораи Барномаи кӯмаки байналмилалии молияии Амрико, ҳамгироии муштарак дар бунёд ва муҷаҳҳаз сохтани зерсохторҳои муосири марзбонии Тоҷикистон, омода намудани мутахассиони баландихтисоси низомӣ барои нерӯҳои мусаллаҳ ва зиёд кардани зарфиятҳои воҳидҳои амниятиву зиддитеррористӣ, сӯҳбат кардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз кишварҳои кӯмаккунанда ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин кишвар дар авоили соли ҷорӣ эълон кард, ки барои муқобила бо Толибону "Давлати исломӣ" ва гурӯҳҳои дигари тундгаро ба Тоҷикистону ҳамсояҳояш дар минтақаи Осиёи Марказӣ 50 миллион доллар ҷудо мекунад, ки бахши асосии ин ёриҳоро Тоҷикистон дарёфт хоҳад кард. Бино ба асноди буҷаи Кохи Сафед, ин маблағ бахше аз кумакҳои Пентагон дар чорчӯби “Бунёди шарикӣ алайҳи терроризм аст”, ки дар соли 2014 оғоз ёфта буд.

XS
SM
MD
LG