Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

УЕФА Иттиҳодияи футболи Русияро ҷарима кард


УЕФА, Иттиҳодияи анҷуманҳои футболи Аврупо, рӯзи 14 июн Иттиҳодияи футболи Русияро барои ширкати мухлисонаш дар бетартибиҳо дар варзишгоҳи шаҳри Марсел ба маблағи 150 ҳазор доллар ҷарима кард. Баъд аз бозӣ миёни дастаҳои Русия ва Англия, ки рӯзи 11 июн баргузор шуд ва мусовӣ 1 бар 1 поён ёфт, мухлисони рус ба сектори мухлисони англис ҳамла карданд. Ҳамчунин дастаи мунтахаби футболи Русия ҳушдор гирифт, ки дар сурати такрори бадрафторӣ аз сӯи мухлисонаш аз ширкат дар Евро-2016 маҳрум карда хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Фаронса тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи мухлисони русро ба хотири ҷилавгирӣ аз халалдор шудани тартибот дар тули Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол, аз кишвар хориҷ кунанд. Кормандони полиси Фаронса рӯзи 14 июн асноди 25 фанати русро қабл аз сафарашон аз Марсел ба шаҳри Лилл, ки он ҷо рӯзи чаҳоршанбе бозии дастаҳои Русия ва Словакия баргузор мешавад, тафтиш кард.

Ба навиштаи Франс-Пресс, аснои тафтиши санадҳо дастуре расид, ки гурӯҳе аз мухлисони рус ба боздоштгоҳи махсуси марзӣ оварда ва аз он ҷо ба Русия фиристода шаванд.

Додситонии Марсел рӯзи душанбе изҳор намуд, дар задухӯрд бо мухлисоони англис рӯзи 11 июн 150 авбоши рус ширкат доштанд, ки қабл аз сафар ба Евро-2016 тамрини махсус дида буданд. Масъулияти харобкориҳо дар шаҳри Марсел асосан бар зиммаи онҳо гузошта шудааст. Дар занозаниҳо дар Марсел беш аз 30 нафар осеб диданд, ки вазъи баъзе и онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

Аз ин пеш УЕФА алайҳи мухлисони рус ва Иттиҳодияи футболи Русия баъд аз занозанӣ бо мухлисони англис парвандаи интизомӣ боз кард. Ба иттилои хабаргузории Associated Press, мухлисони рус дар нажодпарастӣ, ширкат дар бенизомиҳои оммавӣ ва истифода аз маводи оташбозӣ айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG