Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони рус аз Фаронса ихроҷ карда мешаванд


Мақомоти Фаронса гурӯҳи мухлисони русро ба хотири ҷилавгирӣ аз халалдор кардани тартибот дар тули Бозиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол, ба Русия истирдод мекунанд. Кормандони полис рӯзи 14 июн асноди 25 фанати русро қабл аз сафарашон аз Марсел ба шаҳри Лилл, ки он ҷо рӯзи чаҳоршанбе бозии дастаҳои Русия ва Словакия баргузор мешавад, тафтиш кард.

Ба навиштаи Франс-Пресс, аснои тафтиши санадҳо дастуре расид, ки гурӯҳе аз мухлисони рус ба боздоштгоҳи махсуси марзӣ оварда ва аз он ҷо ба Русия фиристода шаванд.

Додситонии Марсел рӯзи душанбе изҳор намуд, дар задухӯрд бо мухлисоони англис рӯзи 11 июн 150 авбоши рус ширкат доштанд, ки қабл аз сафар ба Евро-2016 тамрини махсус дида буданд. Масъулияти харобкориҳо дар шаҳри Марсел асосан бар зиммаи онҳо гузошта шудааст. Дар занозаниҳо дар Марсел беш аз 30 нафар осеб диданд, ки вазъи баъзе и онҳо сангин арзёбӣ мешавад.

УЕФА, Иттиҳодияи анҷуманҳои футболи Аврупо, ба дастаҳои мунтахаби Русия ва Англия рӯзи 12 июн ҳушдор дод, ки дар сурати такрори хушунат аз сӯи мухлисонашон аз идомаи ширкат дар сабқати Евро-2016 маҳрум карда хоҳанд шуд. Ба иттилои сомонаи расмии УЕФА, дар ин бора Иттиҳодияи футболи Русия ва Анҷумани футболи Англия расман огаҳ карда шуданд.

Аз ин пеш УЕФА алайҳи мухлисони рус ва Иттиҳодияи футболи Русия баъд аз занозанӣ бо мухлисони англис парвандаи интизомӣ боз кард. Ба иттилои хабаргузории Associated Press, мухлисони рус дар нажодпарастӣ, ширкат дар бенизомиҳои оммавӣ ва истифода аз маводи оташбозӣ айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG