Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 соли зиндон - барои "коктейли Молотов"


Додгоҳи Қрим, ки таҳти тасарруфи Русия қарор дорад, як украиниро бо ҷурми қасди куштор ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Симферопол рӯзи 10 июн гуфт, Андрий Коломийетс моҳи январи соли 2014 дар ҷараёни эътирозҳои Евромайдон дар Киев ба тарафи ду афсари пулиси вижаи “Беркут” “коктейли Молотов” ҳаво додааст. Коломийетс моҳи майи соли 2015 дар минтақаи Қафқози шимолии Русия дастгир гардида, ба Қрим оварда шуд. Ӯ мегӯяд, барои ба гардан гирифтани гуноҳ шиканҷааш додаанд. Дар натиҷаи эътирозҳои соли 2014 Виктор Янукович, президенти рӯ ба Маскави Украина барканор гардид. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Украина иттиҳомоти зидди Коломийетсро сафсата меноманд.

XS
SM
MD
LG