Ҳилларӣ Клинтон дар рақобати довталабон ба унвони номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пирӯз шуд ва раиси ҷумҳур Барак Обама ӯро табрик гуфт. Вакили порлумон, вазири собиқи умури хориҷӣ ва ҳамсари собиқи раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷамъи тарафдорони хушҳолаш дар шаҳри Ню Йорк, пирӯзӣ ба рақибаш Берни Сандерсро таҷлил кард.
Ӯ гуфт, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико шудани ӯ натиҷаи талошҳои тулонии занони кишвар барои cоҳиб шудан ба ҳуқуқи бештар аст. “Ташаккур ба ҳамаи шумо, мо ба як марҳилаи нав расидем. Аввалин бор дар таърихи кишвар, як зан номзади як ҳизби бузург ба мақоми раиси ҷумҳур мешавад.”- гуфт Ҳилларӣ Клинтон.
Вай афзуд, “Имшаб мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки дар Амрико монеи бузурге вуҷуд надорад, ки онро гузашта натавонем ва ё қуллаи баланде нест, ки ба он расида нашавад.”
Кохи Сафед гуфт, раиси ҷумҳур Барак Обама ба хонум Клинтон занг зада ва ӯро барои ба даст овардани “ҳимояти кофии номзадҳои ҳизб” табрик гуфт. Барак Обама ҳамчунин ба Берни Сандерс, рақиби Ҳилларӣ Клинтон занг зада ва гуфтааст, ки бо ӯ рӯзи 9-уми июн мулоқот мекунад. Берни Сандерс ҳанӯз шикасташ дар рақобат барои ноил шудан ба унвони номзади Ҳизби демократ эътироф накардааст.
Ҳилларӣ Клинтони 68-сола дар ин бора баъди пирӯзиаш дар интихоботи дохилиҳизбӣ дар иёлати Ню Ҷерсӣ сухан гуфт. Ҳимояти бештар дар ин иёлат аз Ҳилларӣ Клинтон шанси ӯро барои эълон шудани номзади Ҳизби демократ ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико мустаҳкамтар кард.
Акнун ӯро як маъракаи панҷмоҳаи интихоботӣ ва рақобат бо Доналд Трамп, номзади эҳтимолии Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико интизор аст. Интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар кишвар рӯзи 8-уми ноябр баргузор мешавад.
Аёлати Ню Ҷерсӣ яке аз 6 аёлати Амрико буд, ки рӯзи 7-уми июн номзад ба мақоми раиси ҷумҳурро баргузид, вале аёлати Калифорния бо раъйи бештар барои Клинтон муҳим аст, чун бохти ӯ ба Берни Сандерс метавонад барояш ҳиҷолатовар шавад.
Айни замон Ҳилларӣ Клинтон инҷо нисбат ба Доналд Трамп, довталаби мақоми президенти Амрико аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ тарафдори зиёд дорад. Айни замон натиҷаҳои раъйгирӣ дар аёлати Калифорния маълум нест. Ҳилларӣ Клинтон ҳамчунин дар раъйгириҳои Ҳизби демократ дар аёлати Ню Мексико, Дакотаи Ҷанубӣ пирӯз омад, вале Берни Сандерс ӯро дар Дакотаи шимолӣ шикаст дод ва бино ба пешбиниҳо мумкин аст, дар аёлати Монтана ҳам пирӯз шавад.
Берни Сандерс, вакили порлумони Амрико, қавл дод, ки мубориза барои ба даст овардани мақоми номзад ба раиси ҷумҳурро идома медиҳад. Ӯ ба тарафдоронаш дар Калифорния гуфт, ки дар раъйгирии ҳафтаи оянда дар Вашингтон ҳам ширкат мекунад.
“Мо муборизаи худ барои адолати иҷтимоиву иқтисодӣ, нажодӣ ва зистмуҳитиро ба Филаделфия” мебарем гуфт ӯ. Ба шаҳре, ки моҳи оянда онҷо Анҷумани саросарии Ҳизби демократ баргузор мешавад.
Доналд Трамп, миллиардери сарватманди амрикоӣ, ки ҳимояти кофии аъзои Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои пешбарӣ шудан ба мақоми раиси ҷумҳурро ба даст овардааст дар раъйгириҳои рӯзи 7-уми июн дар аёлатҳои Ню Ҷерсӣ, Дакотаи Ҷанубӣ, Ню Мексико ва Калифорнияву Монтана пирӯз шуд.
Какой ужас...Ежегодно в частях погибают молодые парни от побоев.Когда наконец Правительство займется контролем воинских частей и наконец начнет наказывать виновных?Выделите средства из бюджета на установление видеокамер в каждой части,которые будут регулярно функционировать и фиксировать происходящее.Что значит погиб от почечной недостаточности?Как проводили медкомиссию,когда забирали парня на службу?Отдать под суд виновных будь то служащие забившие парня насмерть,будь то медики проводившие медкомиссию отправившие на службу нездорового парня.Хватит присылать тела из горе армии,ведь родители ждут своих детей дома живыми.Служа в армии парни отдают честь Родине и пока они на службе Родина в ответе за каждого солдата.Пусть Аллах накажет виновных и вдвойне тех,кто их выгораживает.
Тоҷикистон фақат ба Эрон тӯҳмат карданро метонаду халос. Ба Қирғизистону Чин лаб зери дандон
Гиред канда партоед ин лелина таги пои хукҳо))) Шоҳ Исмоили Сомонӣ-ро ба ҷояш монед.
Википеди ҷустуҷу кун (салафия) ё (вахабити) мебини ки, ва чи ҳаст
Мо маҷбурем бо Эрон ҳамкори ва дусти ва бародарона бошем, зеро мо ба касе даркор нестем, манзурам русҳо ҳаст агар ҷони худро барои онҳо бидиҳем, агарчи бобоҳои мо додан соли 1941-1945 моро одам намеҳисобан, касоне муҳоҷират рафтаанд медонан (черное) мегуянд, ва кинаву адвоват доран. Ва барои мардуми туркзабонҳам мо даркор нестем чи туркия бошад чи дигараш мо бояд бо ҳам бошем Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон. Форси бузург қудрати ҷоҳони.