Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД Қазоқистон: Дар бораи "Артиши озодибахш" хабар надорем


Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон мегӯяд, дар бораи "Артиши озодбахши Қазоқистон", ки бо нашри изҳорот дар баъзе расонаҳои байналмилалӣ масъулияти ҳодисаҳои 5 июни Оқтеппаро бар уҳда гирифтааст, иттилое надорад.

Алмос Садубоев, сухангӯи ВКД Қазоқистон гуфт, дар робита ба ин масъала иттилое надорад ва наметавонад чизе ҳам бигӯяд. Калмуханбет Қосимов, вазири корҳои дохилии ин кишвар ҳам ба саволи рӯзноманигорон дар Остона чунин ҷавоб додааст: "Феълан чизе гуфта наметавонам".

Афроде бо номи "Артиши озодибахши Қазоқистон" 5 июн дар баъзе аз расонаҳои байналмилалӣ изҳороте нашр карданд, ки дар он гуфта мешавад, "ин ҷанги аввали ҷонибдорони рушди Қазоқистон аз роҳи демократӣ зидди диктатураи тӯдаи Назарбоев буд".

Рӯзи якшанбе, 5 июн даҳҳо ҷинояткор ду фурӯшгоҳи аслиҳаро дар Оқтеппа ғорат карда, баъдан ба қисми низомии Гвардияи миллии Қазоқистон ҳамла оварданд. Дар тирпаррониҳои рӯзи аввал наздики 10 нафар ба ҳалокат расид ва дар ду рӯзи баъдӣ 13 ҳамлагар кушта шуд. Бино бар иттилои ВКД Қазоқистон, ҳоло ҷустуҷӯи 7 гумонбар идома дорад.

XS
SM
MD
LG