Баҳсҳои паси пардагии Амрикову Русия 3 июн ба баҳси ошкоро табдил ёфт. Маскав иддао мекунад, ки Вашингтон хостааст, то гурӯҳҳои Ал Қоида дар Сурия мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор нагиранд.
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия дар як гуфтугӯи телевизионӣ баъд аз сӯҳбати телефониаш бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “онҳо аз мо мехоҳанд, ки мо ба гурӯҳи Ҷабҳатуннусра зарба ворид накунем, зеро онҳо мухолифони “муътадил” мебошанд.
Лавров гуфт, “гурӯҳи мухолиф бояд мавозеи террористҳоро тарк кунад ва мо муддатҳои тӯлонӣ бо он розӣ шудем”. Лавров афзуд, “терроризм таҳдиди сартосарӣ аст ва бисёре аз ҳамкорони ғарбии мо дар сӯҳбатҳо қабул доранд, ки барои торумори гурӯҳи Давлати Исломӣ ва Ҷабҳатуннусра набояд таъхир кард ва ҳеҷ гузаште нахоҳад буд.
Амрико гурӯҳи Давлати Исломӣ ва Ҷабҳатуннусраро дар феҳристи созмонҳои террористӣ дохил кардааст ва онҳо ба таври автоматӣ аз чаҳорчӯбаи оташбас ва раванди сулҳ берун хоҳанд монд. Чунин вазъ ҳам ба Амрико ва ҳам ба Русия иҷоза медиҳад, ки ба мавозеи онҳо зарбаҳои ҳавоӣ ворид шавад.