Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ваҳдат рафтааст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми июн бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат рафтааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сафари худ, дар маросими ифтитоҳи бинои нави нозироти андоз ва як бинои истиқоматии панҷошён дар маркази шаҳри Ваҳдат иштирок кардааст.

Шаҳри Ваҳдат дар 20-километрии шарқи шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Он шаҳри маъмурии тобеи ҷумҳурӣ буда соли 1927 бо номи Янгибозор ташкил ёфтааст. Аз соли 1936 то соли 1991 шаҳр номи Орҷоникидзеобод, аз соли 1993 то соли 2003 Кофарниҳон ном дошт. Соли 2003 Кофарниҳон ба Ваҳдат табдил дода шуд.

XS
SM
MD
LG