Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили гиромидошти Пайванди Гулмуродзода


Имрӯз, панҷшанбеи 2 июн дар ҳамоише ба хотири 60-солагии шодравон Пайванди Гулмуродзода, устод, публитсист ва рӯзноманигори саршиноси тоҷик пешниҳод шуд, то яке аз муассисаҳо, кӯчаҳо ё хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба номи ин муҳақиқи соҳаи журналистика гузошта шавад.

Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аз марҳум – Пайванди Гулмуродзода як равшанфикр ва озодандеш ном бурда, аз устодони ин соҳа хост, то бо муроҷиатномае ба мақомоти, ягон муассиса ё кӯчае бо номи пурифтихори вай гузошта шавад.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ташаббуси факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, Иттифоқҳои нависандагон ва журналистон баргузор шуд, устодони донишгоҳ ва муҳаққиқони риштаи рӯзноманигорӣ дар бораи кору пайкор ва фаъолияти эҷодииПайванди Гулмуродзода суханронӣ карданд.

Пайванди Гулмуродзода, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, ки соли 2013 даргузашт, яке аз пуркортарин муҳаққиқони матбуоти миллии тоҷик шинохта шудааст. Гулмуродзода муаллифи зиёда аз 110 мақолаи илмӣ, 220 очерку мақолаҳои публитсистӣ ва чандин дастуру воситаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Яке аз самтҳои таҳқиқи Гулмуродзода ба даврони ҳаракати маорифпарварӣ дар Осиёи Марказӣ рабт мегирад ва худи вай низ аз ҷумлаи маорифпарваон буд.


Пайванди Гулмуродзода, равшанфикрест, ки маҳз бо талошу заҳмати вай 11-уми мартба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик эътироф гардида ва ҳар сол ин санаи муҳими таърихиро Тоҷикистон таҷлил мекунад. 11 марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – Бухорои шариф” таъсис шудааст ва маҳз ба ин муносибат равоншод Гулмуродзода, 11 мартро ба унвони Рӯзи матбуоти тоҷик пешниҳод карда буд. Дар гузашта 5 май, рӯзи таъсиси нашрияи русии “Правда” ба унвони рӯзи матбуот дар Тоҷикистон таҷлил мешуд.

Пайванди Гулмуродзода, 20-уми июни соли 1956 таваллуд шудааст. Соли 1978 факултаи филолияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рӯзноманигор хатм намуда ва то соли 1980 дар Кумитаи радио ва телевизион ба сиффати муҳаррир фаъолият кардааст. Аммо аз соли 1980 то охири умр дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба сифати аспирант, муаллими калон, дотсент, декани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ, ифои вазифа кардааст. Солҳои 2012-2013 дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ба ҳайси ходими илмӣ низ ба кори таҳқиқотӣ машғул буд.

Равоншод Гулмуродзода, узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хидматҳояш дар рушду нумӯи адабиёту фарҳанг ва журналистикаи тоҷик бо чандин ифтихорномаву медал ва нишонҳо қадрдонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG