Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши президенти Руминия ба таҳдидҳои Путин


Клаус Йоханнис, президенти Руминия таҳдидҳои ҳамтои русаш Владимир Путинро танқид кард. Путин дар робита ба ҷой додани маҷмааи зиддимушакии ИМА ва НАТО дар ҳудуди Руминия, ин кишварро таҳдид карда буд.

Ба гуфтаи Йоханнис, таҳдидҳои "беасос" танҳо "роҳи дурусти Руминия"-ро собит мекунанд.

Президенти Руминия мегӯяд, маҷмааи мушакии ИМА ва НАТО ҳеч иртиботе бо Русия надоранд ва мавқеи Москва Руминияро "наметарсонад".

Ҷумъаи гузашта, тавре расонаҳои Руминия менависанд, Путин "хеле саргарм шуда", Руминия ва Лаҳистонро таҳдид кардааст, ки эҳтимол дорад дар дастрасии мушакҳои Русия қарор бигиранд. Москва бар ин аст, ки сипари мушакии НАТО, ки дар Руминия ва Лаҳистон сохта шуданд, ба амнияти Русия хатар дорад.

XS
SM
MD
LG