Зойирони эронӣ бар асари монеъагузориҳои Арабистони Саъудӣ дар маросими Ҳаҷҷи имсол ширкат нахоҳанд кард. Изҳороти вазири фарҳанги Эрон Алӣ Ҷаннатӣ дар ин бора рӯзи 29 май пахш шуд.
Созмони Ҳаҷҷи Эрон ҳам эълом дошт, ки Арабистони Саъудӣ ҳаққи эрониҳо барои зиёрати Хонаи Худоро поймол месозад.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Арабистони Саъудӣ хабар доданд, ки ҳайати эронӣ бидуни расидан ба созиши ниҳоӣ оид ба ширкати зойирони эронӣ дар маросими Ҳаҷҷ рӯзи 27 май ба Теҳрон баргашт. Ба гуфтаи онҳо, дар баъзе масоил созиш ҳосил шуда буд, аз ҷумла, дар мавриди дарёфти раводиди электронӣ аз сӯи зойирони эронӣ. Сафорату консулгарии Арабистони Саъудӣ дар Эрон то ҳанӯз бастаанд.
Таниш миёни Эрон ва кишварҳои суннимазҳаби Халиҷи Форс баъд аз он шурӯъ шуд, ки ба думболи эъдоми рӯҳонии шиа шайх ан-Нимр аз сӯи Ар-Риёз рӯзи 2 январ садҳо эронии хашин ба сафорати Арабистони Саъудӣ дар Теҳрон ва консулгарии кишвар дар Машҳад ҳамла карданд.
Арабистони Саъудӣ дар посух ба ин ҳамлаҳо робитаҳои дипломатӣ бо Эронро қатъ кард. Ба думболи ин чанд кишвари дигари суннинишинии Ховари Миёна ва Африқо ҳам сафирони худро аз Теҳрон бозхонданд.
Аз сӯи дигар, мансабдорони эронӣ мегӯянд, то замоне, ки амнияти зойирони эронӣ таъмин нашавад, онҳо шаҳрвандони зудро ба зиёрати Маккаву Мадина намефиристанд. Дар маросими Ҳаҷҷи Акбар дар моҳи сентябри соли гузашта 2411 нафар, аз ҷумла, 460 эронӣ зери пойи издиҳоми бузург монда ҷон бохтанд.