Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои зиддитеррор дар канори Фаллуҷа ҷой гирифтанд


Нерӯҳои зиддитерористии Ироқ бори аввал баъд аз шурӯъи амалиёти озодсозии шаҳри Фаллуҷа аз дасти гурӯҳи «Давдати исломӣ», дар канори ин шаҳр мустақар шуданд. Фаллуҷа дар тақрибан 70-километрии шаҳри Бағдод воқеъ аст.

Вазорати дифои Ироқ рӯзи 29 май хабар дод, ки ин нерӯҳои тамриндидаа рӯзи шанбе ба амалиёт пайвастанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ҳамлаи густурда ба Фаллуҷа, ки аз соли 2014 ба ин сӯ дар дасти ситезаҷӯён аст, кай шурӯъ мешавад. Амалиёт барои озодсозии шаҳр 22 май шурӯъ шуд ва нерӯҳои ироқӣ ҳамроҳ бо шибҳанизомиёни шиамазҳаб чанд минтақаи атрофи онро таҳти назорат қарор доданд.

Фаллуҷа ва Мосул, ду шаҳри бузурги Ироқ, то ҳол аз сӯи гурӯҳи «Давлати исломӣ» идора мешаванд.

Ба иттилои нерӯҳои амрикоӣ, тақрибан 50 ҳазор сокинони осоишта дар Фаллуҷа боқӣ мондаанд. Ба онҳо тавассути варақаҳо дастур дода шудааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз зарбаҳои ҳавоӣ болои бомҳояшон матоъҳои сафедро паҳн кунанд.

XS
SM
MD
LG