Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен мушовири Порошенко таъин шуд


Андерс Фог Расмуссен, собиқ Дабири кулли НАТО, рӯзи 28 май изҳор намуд, ки дар симати мушовири раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко барои таъмини амният дар ин кишвар, татбиқи ислоҳот ва наздикшавии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад. Изҳороти ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шудааст.

Ҷаноби Расмуссен вазъи амниятии Украинаро "ташвишовар" номид. Ба ақидаи ӯ, Украина бояд бо фасод мубориза барад ва ба татбиқи ислоҳот шурӯъ кунад.

Петро Порошенко рӯзи 27 май дар бораи мушовири бидуни маош таъин кардани Андерс Фог Расмуссен амр содир кард.

Муовини аввали раиси Кумитаи умури байнулмиллалии Думаи давлатии Русия Леонид Калашников дар мақоми мушовири Порошенко таъин шудани Расмуссенро чун "гоми зидди Русия" арзёбӣ намуд.

Андерс Фог Расмуссен аз соли 2009 то соли 2014 Дабири кулли Паймони НАТО буд.

XS
SM
MD
LG