Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз раҳоӣ ва бозгашти Надежда Савченко, халабони низомии Украина аз Русия ба Ватан истиқбол кард.
Керрӣ озод шудани Савченкоро "иҷрои унсури муҳими қарордоди Минск аз ҷониби Русия" хондааст. Вай аз Москва даъват кардааст, уҳдадориҳои дигараш дар доираи қарордоди Минскро иҷро кунад.
"Сухан аз озод кардани асиру гаравгонон ва берун бурдани низомиёни Русияву барқарории назорати марзҳои Донетску Луганск аз сӯи Украина меравад", - гуфтааст котиби давлатии ИМА.
Ҷон Керрӣ инчунин аз озод гардидани ду низомии Русия, ки дар Украина ба гумони терроризм зиндонӣ шуда буданд, истиқбол кардааст.
Петр Порошенко, президенти Украина ҳангоми суханронӣ дар ҳузури Савченко дар Киев ба ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо барои кӯмак дар раҳоии ин халабони кишвараш миннатдорӣ баён кардааст.
Ин халабони Украина рӯзи чаҳоршанбе баъди имзо шудани қарори афваш аз сӯи Владимир Путин, президении Русия озод гардид. Худи ин рӯз президенти Украина ҳам қарори афви ду шаҳрванди Русия Евгений Ерофеева ва Александр Александровро имзо кард, ки онҳо ҳам ба Ватан баргаштанд.