Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор чархболи ҷангии Русия дар Сурия аз "байн бурда шудаанд"


Пойгоҳи низомии Ҳумаймим дар Сурия. Нерӯҳои Русия қаблан дар инҷо ҷойгир буданд. Акс аз бойгонӣ.
Пойгоҳи низомии Ҳумаймим дар Сурия. Нерӯҳои Русия қаблан дар инҷо ҷойгир буданд. Акс аз бойгонӣ.

Як маркази мутолеотии Амрико мегӯяд, аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки як маркази стратегии низомии Сурия аз ҳамлаи тӯпхона “ба таври ҷиддӣ осеб дидааст”. Аз ин марказ неруҳои Русия истифода мебаранд. Ин маркази мутолеотӣ бо номи Stratfor мегӯяд, 4 чархболи Русия дар пойгоҳи ҳавоии T-4 аз дар наздикии шаҳри тасарруфшудаи Палмираи Сурия аз байн бурда шудаанд.

Дар аксҳои моҳвораӣ дида мешавад, ки тақрибан 20 мошин ё воситаи техникӣ низ осеб дидаанд. Рӯзи 14-уми май масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт ва гуфт, ки ин гурӯҳ 4 чархбол ва 20 мошини ҳомили аслиҳаву муҳимотро аз байн бурдааст.

Маркази таҳлилии Стратфорд мегӯяд, тахриби чархболҳо дар ин пойгоҳи низомӣ нишон медиҳад, ки Русия ба унвони ҳампаймони калидии Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар ҷараёни иҷрои масъулиятҳои худ дар Сурия ба чолишҳои амниятӣ дучор шудааст. Аммо ин иддаоро билофосила вазорати дифои Русия рад кард ва гуфт, ки ин харобиҳо дар пойгоҳ чанд моҳ пеш дар ҷараёни ҷангҳои неруҳои ҳукуматии Сурия бо як “гурӯҳи террористӣ” ба бор омадааст.

Маркази Стратфорд ҳамчунин аксҳои моҳвораиро, ки рӯзҳои 14-17 май бардошта шудааст, ба чоп расондааст. Дар ин аксҳо техникаи харобшудаи пойгоҳи низомӣ дида мешавад. Пойгоҳи низомии T-4 ҳамчунин Tiyas ё Тийас низ ном дорад. Ин пойгоҳ дар минтақаи стратегии маркази Сурия дар байни шаҳрҳои Палмира ва Ҳумс ҷой гирифтааст.

Стратфорд дар торнамои худ навиштааст, 4 чархболи Ми-24 зоҳиран дар ҳамлаи тӯпхонаи тундравҳои Давлати исломӣ хароб шудаанд. Вале аз рӯи ин аксҳо дида намешавад, ки сабаби харобии техникаи низомии Русия чӣ будааст.

Би-Би-Си ба нақл аз қавли Сим Так, таҳлилгари Стратфор гуфтааст, ки ин харобиҳо аз таркишҳои ногаҳонӣ ба бор наомадаанд. Сим Так бо такя ба ин аксҳо мегӯяд, ки дар аксҳо нишонаҳои чанд манбаи таркишро дар ин пойгоҳ мушоҳида кардан мумкин аст ва эҳсос мешавад, ки русҳо зарбаи баде гирифтаанд. Дар гузориши Стратфор омадааст, дар аксҳо “нишонаҳои оташи тӯпхона дида мешавад ва маълум аст, ки ба як ҳавопаймои ҷангии МиГ-25 Сурия низ осеб расидааст.

Аммо Игор Конашенков, сухангӯи вазорати дифои Русия мегӯяд: “Таҷҳизоти ҳавоӣ ва мошинҳо, ки аз таркиш хароб шудаанд, чанд моҳ аст дар он ҷо хобидаанд ва он натиҷаи ҷангҳои шадиди неруҳои ҳукуматии Сурия ва тундравҳои гурӯҳи террористӣ барои ба даст даровардани ин фурудгоҳ будааст”.

РИА Новости аз қавли як сарчашмаи Сурия, ки аз худ ном набурдааст, таркишҳо дар пойгоҳро таъйид кардааст, вале нагуфтааст, ки онҳо кай рух додаанд. Вай мегӯяд: “Сабаби оташ маълум нест. Сӯхтор дар наздикии 4 чархбол рух додааст. Таҷҳизоти оташнишон дар дастрасӣ қарор надоштааст, чунки террористҳо аз тӯпхона тирборон мекарданд. Чархболҳо ҳам оташ гирифтаанд.”

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия гузориш додааст, ки пойгоҳи ҳавоии T-4-ро 11 май гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” замоне аз тӯпхона мавриди ҳамла қарор додааст, ки муваққатан роҳи байни Палмира ва Ҳумсро ба контроли худ дароварда буд. Бо вуҷуди ин, ки ин гурӯҳ натавонист назорат бар ин роҳро дар дасти худ нигоҳ дорад, вале неруҳои тӯпчии худро то ҷои дастрас ба пойгоҳ наздик бурдааст ва пойгоҳро тирборон кардааст.

XS
SM
MD
LG