Дар чанд ҷумла
Соҳибкорони тоҷик аз дӯзандагони қирғиз меомӯзанд
Аз 25 то 29 май гурӯҳи намояндагони сенздаҳ ширкати дӯзандагию ресандагии Тоҷикистон дар Қирғизистон бо таҷрубаи ин кишвар дар ин бахшҳо ошно хоҳанд шуд. Бино ба иттилои Маркази байналмилалии тиҷоратӣ дар Тоҷикистон, инчунин, ширкатҳои ду кишвар масоили марбут ба роҳандозии ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.
Ширкатҳои Тоҷикистон либосҳои мардона, занона ва кӯдакона ва ҷӯроб истеҳсол мекунанд.
Зимнан, 38 дарсади қирғизистониҳо дар соҳаи саноат дар бахши дӯзандагӣ фаъолият мекунанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин кишвар 1,5 ҳазор корхонаи хурду миёнаи дӯзандагӣ фаъол буда, маҳсулоти ин корхонаҳо умдатан ба Русия ва Қазоқистон содирот мешавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Трамп Мирзиёев ва Тоқаевро ба саммити G-20 даъват кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико президентҳои Узбекистон ва Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаевро ба ҳамоиши кишварҳои бистгона ё G-20, даъват кард.
Президенти ИМА бо раҳбарони ин ду кишвари Осиёи Марказӣ телефонӣ сӯҳбат карда, онҳоро барои ширкат дар саммити "бистгонаи бузург", ки соли оянда дар Майамии Амрико баргузор мешавад даъват намуд.
Трамп дар шабакаи Truth Social навиштааст, ки дар дар ин гуфтугӯҳо масъалаи "тавсеаи ҳамкорӣ миёни ин кишварҳоро баррасӣ кардаанд".
Маъмурияти Тоқаев гуфтааст, сӯҳбати телефонии Трамп бо Тоқаев "давомдор" буд.
Доналд Трамп барои иҷрои созишномае, ки моҳи ноябр дар доираи ҳамоиши "Осиёи Марказӣ - ИМА" тасвиб шуд, изҳори омодагӣ кардааст.
Дар сомонаи раисиҷумҳури Узбакистон гуфта шудааст, ки Мирзиёев ва Трамп ҷараёни иҷрои созишномаҳои ҳосилшуда ва дурнамои рушди равобити Узбакистону Амрикоро баррасӣ кардаанд.
Мирзиёев ва Тоқаев Трампро ба кишварҳои худ даъват кардаанд.
Президенти феълии Амрико ҳеч гоҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар накардааст.
UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро бекор кард
Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик дар намуди муҳорибаҳои омехта, аз ташкилоти маъруфи UFC берун шудааст. Рӯзи 23-юми декабр чанд сомонаи варзишӣ хабар доданд, ки ташкилоти UFC шартнома бо чанд размкор, аз ҷумла Лоиқ Раҷабовро бекор кардааст.
Худи Лоиқ Раҷабов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда гуфт, шартномаи ӯ бо ташкилоти UFC тамдид ё дароз карда нашуд.
Лоиқ Раҷабов 35 сол дошта, соли 2023 барои чор муҳориба бо ташкилоти UFC шартнома баста буд. Ин варзишгари тоҷик аз чор муҳорибаи гузарондааш дар UFC дар ду муҳориба ғалаба ба даст оварда, ду рақобати дигарро бохтааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки чаро ташкилоти UFC шартнома бо Лоиқ Раҷабовро тамдид накард.
Лоиқ Раҷабов дар муҳорибаҳои омехта (ММА) аз 25 рақобат дар 18-тоаш пирӯз шуда, шаштоашро бохтааст ва яктоашро мусовӣ кардааст. Ӯ, ки дар дар муҳорибаҳои ММА аз соли 2012 ширкат мекунад, бо ташкилоти UFC барои чор муҳориба шартнома баста буд.
Бо берун шудани Лоиқ Раҷабов акнун дар ташкилоти UFC се варзишгар аз Тоҷикистон монд. Муҳаммад Наимов, Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров аз Тоҷикистон дар UFC баромад мекунанд. Аммо ҳеч яке аз ин варзишгарон то ҳол ба рӯйхати 15 варзишгари беҳтарини вазни худ шомил нашудаанд.
Ҷасади се ҷавонро аз обанбори Норак берун оварданд
Наҷотбахшони тоҷик дар Норак ҷасади се ҷавонеро аз дарё берун оварданд, ки зимни қаиқронӣ ғарқ шудаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шаби 21-уми декабр як гурӯҳи 7-нафара мехостанд ба воситаи қаиқи дорои муҳаррик аз як деҳа ба деҳаи дигар гузаранд. Дар роҳ дар наздикии соҳил қаиқ чаппа шуда, ҳама ғарқ мешаванд.
Кумита хабар додааст, ки 4 нафари онҳо, ки сокинони шаҳри Норак буданд, наҷот ёфтанд, аммо се нафари дигар ҷон доданд ва ҷасадҳои се нафари дигар баъди ҷустуҷӯҳо пайдо ва берун оварда шудааст.
Дар пайи ин ҳодиса наҷотбахшон аз сокинон хостааст, ки зимни қаиқронӣ қоидаҳои бехатариро риоя карда, қаиқҳои худро ба фасли зимистон омода кунанд ва аз истифодаи қаиқҳое, ки барои фасли сармо мувофиқ нестанд, худдорӣ намоянд.
Ҳамасола мақомот аз марги даҳҳо нафар дар дарёҳо хабар медиҳанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, маъмулан ин ҳодисаҳо дар тобистон ва ҳангоми оббозӣ рух медиҳанд.
Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ бастааст
Ҳукумати “Толибон” консулгарии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки зери назари ин гурӯҳ кор мекард, бастаанд.
Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Кобул дар ин бора бо такя ба як манбааш дар Душанбе хабар дод.
Ба навиштаи рӯзнома, "Толибон" ҳамчунин консул Нақибуллоҳ Деҳқонзодаро низ барканор кардаанд. Деҳқонзода пас аз суқути ҳукумати пешини Афғонистон эълон карда буд, ки ниҳоди онҳо зери ҳокимияти "Толибон" кор мекунад.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари баста шудани консулгарии Афғонистонро дар Хоруғ на тасдиқ карданд ва на рад, танҳо гуфтанд, ки "ин тасмими ҳар кишвар аст".
Як манбаи Радиои Озодӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 23 декабр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, як ҳафта мешавад дари ин консулгарӣ баста аст ва фаъолият намекунад. Ба гуфтаи ин манбаъ, Нақибуллоҳ Деҳқонзода ва муовинаш ба Кобул рафтаанд.
“Ҳашти субҳ” навиштааст, ки Деҳқонзода даромадҳои ҳосилшуда аз хадамоти консулиро, ки беш аз 100 ҳазор доллар будааст, низ бо худ ба Кобул бурдааст.
Тоҷикистон то кунун ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст ва сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ихтиёри сафири ҳукумати пешини Кобул қарор дорад. Масъулони консулгарии Хоруғ борҳо эълон карда буданд, ки аз ҳукумати "Толибон" намояндагӣ мекунанд.
Хабари баста шудани консулгарии Афғонистон дар Хоруғ дар ҳолест, ки равобити Душанбе бо ҳукумати "Толибон" дар пайи сафару боздиди ҳайатҳои ду тараф рӯ ба гармшавӣ дорад.
Фуруди изтирории ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд
Ҳавопаймои ҳомили раисиҷумҳури Тоҷикистон шаби 22 ба 23 декабр бинобар номусоидии ҳаво дар шаҳри Хуҷанд нишасти изтирорӣ кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург иштирок кард ва баъди ин ҳамоиш бояд ба Душанбе бармегашт.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон субҳи сешанбе ба бӯстонсарояш воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд рафтааст. "Аз ин рӯ, бозорҳои калони шаҳри Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бастаанд", -- мегӯянд манбаъҳои Радиои Озодӣ дар Хуҷанд.
Як манбаъ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 23 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳамаи ҳавопаймоҳоеро, ки аз Русия омаданд, ба шаҳри Хуҷанд фиристоданд. Бо сабаби туман фурудгоҳи Душанбе аз ними шаби 23 декабр то ними рӯз ҳавопаймоҳоро қабул карда натавонист".
Фуруди изтирории ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки ҳавошиносон аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ фаромадани меғ (туман) ва яхбандиро пешгӯӣ карда буданд.
Аз шоми 22 декабр Душанберо туман фаро гирифтааст ва вазъ субҳи 23 декабр низ чунин буд.
Туман боиси қатъи муваққати парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе шуд
Дар пайи фаромадани тумани сахт дар шаҳри Душанбе, парвозҳо аз фурудгоҳи пойтахт муваққатан қатъ шудааст.
Аз шоми 22 декабр Душанберо туман фаро гирифтааст ва вазъ субҳи 23-уми декабр низ чунин буд.
Бар асоси онлайн-лавҳаи фурудгоҳи Душанбе, ҳамаи парвозҳо, аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург ва баръакс аз соати 12-и шоми 22 ба 23-юми декабр қатъ шудаанд.
Парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвали фурудгоҳ имрӯз, соати 12:20 ба нақша гирифта шуда буд, низ лағв шудааст.
Ҳавошиносон аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ, фаромадани туман ва яхбандиро пешгӯӣ карда буданд.
Маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода кай барқарор мешаванд.
Мақомот аз чанд ҳолати дуздии барқ хабар доданд
Мақомоти Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика аз ошкор шудани як ҳолати дуздии барқ аз сӯйи корманди муассисаи тақсимоти барқ хабар доданд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, корманди зеристгоҳи барқӣ дар минтақаи Кӯлоб аз бинои навбатдорӣ то хонаи истиқоматиаш, пинҳонӣ хатти барқ кашида, бидуни пайвасткунӣ ба ҳисобкунак барқ истифода мекардааст.
Назари гумонбар дар дуздии барқ маълум нест.
Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика дар пайи як санҷиш дар шаҳру ноҳияҳо аз ғайриқонунӣ истифода шудани нерӯи барқ аз сӯйи сокинон нигаронӣ кардаасӣ.
Бино ба гузориши ин ниҳод, дар пайи санҷиши зеристгоҳҳои барқӣ дар шаҳру навоҳии кишвар, чандин ҳолати қонуншиканӣ, аз ҷумла ду ҳолати истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ошкор шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ахиран мубориза бо дуздии барқро сахттар карданд. Аз ҷумла, ба Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид шуд, ки барои дуздӣ ё истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Хатари гуруснагӣ ба миллионҳо нафар дар Афғонистон
Барномаи ғизои Созмони Милал гуфт, ки ба миллионҳо ниёзманди хӯрок дар Афғонистон ёрӣ расонда наметавонад. Дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон эҳтимоли афзоиши маргумир, бахусус дар миёни кӯдакон ва он ҳам бо сабаби камбуди маводи озуқа бештар мешавад.
Баъди соли 2021 ва ба қудрат баргаштани “Толибон”, ёриҳои байналмилалӣ ба Афғонистон хеле кам шуд ва илова ба ин офатҳои зиёди табиие ба мисли зилзила зиндагии бе ин ҳам риққатбори мардуми одиро сангинтар кард.
Солеҳа, як зани афғонистонӣ, гуфт: "Зимистон давраи сахт аст. Мо имкони харидани хӯрокро надорем. Ҳар пуле шавҳарам ба даст меорад, барои харидани ғизо сарф мешавад. Мо наметавонем хонаро гарм кунем. Агар касе хайр кард, танҳо он вақт оташдони мо рӯшан мешавад. Мо ҳатто як плита харида наметавонем."
Ба ҳисобҳои Барномаи ғизои СММ, дар миёни 17 миллион мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ дучор ҳастанд, се миллион нафар аз муҳоҷирони рондашуда аз Покистону Эрон мебошанд.
Ҷон Айлиефф, раиси Барномаи ғизои СММ дар Афғонистон, мегӯяд, “афзоиши якбораи камбуди ғизо ҳаёти миллионҳо кӯдакро дар хатар мегузорад. Мо шоҳиди коҳиши фоҷеабори кумакҳои ғизоӣ мешавем ва бенавотарин афғонистониҳо намедонанд ин зимистонро чӣ гуна пуштисар хоҳанд кард. Бозгашти маҷбурӣ аз кишварҳои ҳамсоя, хушксолӣ ва коҳиши фоҷеабори ёриҳои ғизоӣ дар саросари кишвар як бӯҳрони харобиовари гуруснагиро барои 17 миллион аҳолӣ ба вуҷуд овардааст”.
Барномаи ғизои СММ мегӯяд, “аввалин бор дар даҳсолаҳои охир наметавонад маъракаи ёрӣ дар мавсими зимистонро ба роҳ монад”. Ин созмон мегӯяд, барои ёрӣ ба мардум на камтар аз ним миллиард доллар зарур аст.
Намояндагони “Толибон” 11 касро шаллоқ задаанд
Ҳукумати “Толибон” ёздаҳ касро бо иттиҳоми фурӯш ва қочоқи маводи нашъадор шаллоқ задааст.
Ин кор рӯзи 22-юми декабр дар шаҳри Кобул сурат гирифт.
Додгоҳи олии “Толибон” дар эъломияе гуфт, ин афрод ҳамчунин аз 7 моҳ то 3 сол дар зиндон хоҳанд монд.
Гурӯҳи тундрави “Толибон” пас аз бозгашт ба қудрат дар Афғонистон (августи 2021) чандин нафарро дар пеши назари мардум ҷазо додааст.
Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башари ин сиёсати “Толибон”-ро танқид карда, хоҳони боздоштани он шудааст.
Ҳайатҳои ИМА ва Украина гуфтугӯҳои Флоридаро "созанда" хонданд
Намояндагони Амрико ва Украина музокироти Флорида барои поён додан ба ҷанги Украинаро "самарабахш ва созанда" хонданд.
Ҳар ду тараф рӯзи 21 декабр дар як баёнияи муштарак аз ин гуфтугӯҳо истиқбол карданд, аммо ҳеч нишонаи рӯшане аз даст ёфтан ба поёни ин бӯҳрон, ки наздик ба чаҳор сол мешавад идома дорад, ироа нашуд.
Ин музокирот ба муддати се рӯз дар шаҳри Майами дар аёлати Флорида баргузор шуд ва Стиф Виткофф, намояндаи вижаи Амрико барои Ховари Миёна, мизбонии онро ба ӯҳда дошт.
Дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо, музокиракунандагони Русия ва Украина ба таври алоҳида бо Виткофф мулоқот карданд.
Ин дидорҳо бахше аз тозатарин талошҳои идораи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои поён додан ба ҷанги Русия ва Украина ба шумор меравад.
Дар ҳамин ҳол, Кремл мегӯяд, ки эҳтимоли даст ёфтан ба созиши сулҳ дар ҷанги Украина дар рӯзҳои таътилоти Соли Нав андак аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳи Владимир Путин сафар кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр барои ширкат дар мулоқоти ғайрирасмии кишварҳои муштаракулманофеъ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод ва гуфт, ки Сироҷиддини Мӯҳриддин ва ҳайате аз мақомоти расмии дигар ӯро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба зодгоҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия 5 рӯз баъд аз қатли Қобилҷон Алиев, як навраси 10-солаи тоҷик дар Русия сурат мегирад, ки ҷомеаи Тоҷикистону кишварҳои Осиёи Марказиро такон дод. Қобилҷон Алиев, рӯзи 16-уми декабр, дар натиҷаи ҳамлаи як ноболиғи рус ба мактабе дар ноҳияи Одинтсово дар вилояти Маскав кушта шуд.
Ҳамлавари ноболиғ бо корд ба мактаб ворид шуда, аввал посбони мактаб ва сипас Қобилҷонро наврасро теғ задааст ва тамоми ҷараёни ҳамлаашро ҳам ба навор гирифтааст. Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни нишаст, қатли навраси тоҷик ва мушкили нафратпароканӣ ба муҳоҷирони тоҷикро дар Русияро бо Владимир Путин дар миён мегузорад ва ё не.
Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, қарор аст, дар ҳошияи ҳамоиши сарон ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ва Содир Ҷабборов аз Қирғизистон “Ҷоизаи Толстой” ва ё ҷоизаи сулҳи Русия дода шавад. Ба раҳбарони се кишваре, ки миллионҳо нафар аз шаҳрвандонашон дар Русия кор мекунанд ва бадрафтории маъмурони милиса ва қатли онҳо ба дасти миллатгароёни рус зуд-зуд расонаӣ мешавад.
Изҳороти ЮНИСЕФ баъд аз қатли навраси тоҷик
Дар пайи кушта шудани як навраси тоҷик дар мактабе дар Русия, намояндагии ЮНИСЕФ ё Бунёди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон гуфтааст, "мактабҳо бояд ҷойи амният, омӯзиш ва рушд бошанд".
Ин созмон 19-уми декабр дар изҳороти кутоҳе ба хонавода ва наздикони Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик ҳамдардӣ кардааст.
"Ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад дар муҳити амн, бо эҳтиром ва ғамхорӣ ба воя расад. Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ ҷо қобили қабул нест”, - омадааст дар изҳороти Бунёди кӯдакони Созмони Милал.
Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар мактаби ба номи Успенская дар шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав таҳсил мекард, рӯзи 16-уми декабр кушта шуд. Бо гумони қатли ин наврас, Тимофей К. боздошт шудааст. Рӯзи 18-уми декабр додгоҳ Тимофейи 15-соларо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт.
Қатли Қобилҷон Алиев вокунишҳои зиёдеро дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он ба миён овард.
То 4500 сомонӣ. Ҷаримаи муштариёни фолбинҳо дар Тоҷикистон
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноиро тасвиб кард, ки бар асоси он барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ҷазо таъйин мешавад.
Бар асоси қарори Маҷлиси миллӣ, минбаъд муштариёни фолбин ва ҷодугарҳо аз 50 то 60 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3750-4500 сомонӣ) ҷарима мешаванд.
Маҳмадалӣ Ватанзода, узви Маҷлиси миллӣ гуфтааст, ҳадаф аз тасвиби ин қонун "пешгирии густариши мафкураи ифротӣ ва болоравии хурофотпарастӣ" аст.
Тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ, ки бар асоси он мизоҷони фолбинҳо ҷазо мегиранд, қаблан аз сӯи Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон қабул шуда буд. Акнун баъди имзои ин санад аз сӯи раиси ҷумҳур, қонун иҷроӣ мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Қаблан ҷазо барои худи фолбинҳо низ сахтар шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Исроил як шаҳрванди Русияро барои ҷосусӣ дастгир кардааст
Мақомоти қудратии Исроил як шаҳрванди Русияро бо иттиҳоми ҷосусӣ барои Эрон боздошт кардаанд.
Созмони амнияти дохилии Исроил ва Вазорати дифои ин кишвар 19-уми декабр дар баёнияи муштарак аз фарди боздоштшуда Виталий Звягинтсев ном бурданд.
Ба гуфтаи мақомоти Исроил, Звягинтсев 35 сол дошта, бо раводид ё визаи корӣ ба Исроил омада буд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин шаҳрванди Русия аввали моҳи декабри имсол бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо як маъмури амниятии Эрон дастгир шудааст.
Виталий Звягинтсев ба он муттаҳам шудааст, ки дар ивази гирифтани маблағ, аз бандар ва киштиҳо дар саросари Исроил акс гирифта ба Эрон мефиристод.
Мақомоти қудратии Исроил дар моҳҳои ахир беш аз 50 шаҳрванди ин кишварро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон дастгир кардаанд.
Иттиҳоди Аврупо ба Украина 90 млрд. қарзи бефоиз медиҳад
Роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо тавофуқ карданд, ки барои Украина 90 миллиард евро қарзи бефоиз ҷудо кунанд.
Антониу Кошта, раиси Шӯрои Аврупо хабар дод, ки қарз давоми солҳои 2026-2027 ба Украина дода мешавад. "Мо ин уҳдадорӣ қабул кардем ва онро иҷро мекунем", - гуфт ӯ.
Роҳбарони ИА рӯзи 19-уми декабр нахуст масъалаи додани даҳҳо миллиард евро дороиҳои Русияро ба Укрина баррасӣ карданд. Вале маҳдудиятҳои қонунӣ боис шуданд, ки баъзе кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Белгия ба ин қарор розӣ нашаванд. Белгия, ки бахши асосии дороиҳои Русия дар онҷо нигоҳдорӣ мешаванд аз тасмими ҷавобии Маскав ва бад шудани фазои сармоягузорӣ дар Авупо нигаронӣ кард.
Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати ба Украина додани дороиҳояш ба додгоҳ муроҷиат мекунад.
Дороиҳои Русия дар Аврупо 210 миллиард евро ҳисоб шудааст. Бештари ин маблағҳо дар ҳисоби бонкии Euroclear дар Белгия нигаҳдорӣ мешаванд.