Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия вазифадор шуд, ки ба рӯзноманигор ҷуброн пардозад


Додгоҳи Аврупо дар умури ҳуқуқи инсон Русияро вазифадор кард, ки ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ ва харҷи додгоҳ ба рӯзноманигори рус Павел Манжос 16 375 евро пардозад. Павел Манжос аз шиканҷаи пулис шикоят бурда буд. Дар ин бора бунёди "Ҳукми ҷамъиятӣ" хабар медиҳад.

Додгоҳи Аврупо эътироф кард, ки Манжос шиканҷа шудааст.

Бино бар иттилои бунёд, Павел Манжос моҳи марти соли 2008 аз сӯи пулиси вилояти Воронежи Русия боздошт шуда буд. Пулис бе асос аз вай талаб кардааст, ки санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро имзо кунад. Ҳангоме, ки рӯзноманигор аз имзо кардан худдорӣ варзидааст, пулис ӯро латукӯб ва 40 дақиқа овезон нигаҳ доштааст. Сарфи назар аз муроҷиатҳои пай дар пайи Манжос, мақомоти қудратӣ дар асоси даъвои вай парванда боз накардаанд.

XS
SM
MD
LG