Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Коҳиши ислоҳот роҳи ҳал нест"


Мулоқоти Доналд Туск, раҳбари Иттиҳоди Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2015.
Мулоқоти Доналд Туск, раҳбари Иттиҳоди Аврупо бо Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2015.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз роҳи ислоҳоту риояи ҳуқуқи инсон ва таъмини ҳокимияти қонун метавонанд, мушкилоташонро рафъ кунанд.

Вазъи амниятӣ ва иқтисоди буҳронии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар муколамаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Брюссел баррасӣ шудааст.

Тарафҳо дар ҷараёни муколама дар бораи тиҷорати дуҷонибаву минтақавӣ, мубориза бо терроризм, ки хатараш дар Осиёи Марказӣ зиёдтар шудааст, тақвияти амнияти марзҳо, аз ҷумла марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва муҳоҷират табодули назар кардаанд. Музаффар Ҳусейнов, муовини вазири умури хориҷӣ дар ин нишаст Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Як мақоми Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23 май бо шарти зикр нашудани номаш ба Озодӣ гуфт, "дар ҳоле ки нигарониҳои сиёсӣ ва амниятӣ аз масоили асосии муколама буд, вале вазъи бадшавандаи иқтисодӣ дар бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам баррасӣ шуд." Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, "башиддат поин омадани қимати нафт, рукуди иқтисодӣ дар Русия метавонад, боиси мушкилоти иқтисодӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ шавад. Коҳиши имконот барои кор, афзоиши камбизоатӣ мумкин аст, сабаби норозигии мардум ва ҳам нооромиҳои сиёсӣ шавад."

Соли 2015 ва имсол кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилоти зиёди дохиливу тамоюлҳои манфии хориҷӣ дучор шуданд. Қимати бисёр маҳсулоти содиротии кишварҳои минтақа, бахусус нафт ва ҳамингуна алюминий - моли аслии содиротии Тоҷикистон - башиддат поин омад. Нархи алюминий, як манбаи асосии ба даст овардани доллар ва еврои нақд назар ба соли 2014 тақрибан 20 дарсад коҳиш ёфт. Қимати нафт, ки иқтисоди Қазоқистон ба он вобаста аст, аз ин ҳам бадтар шуд ва аз 68 доллар барои ҳар бушка ба 30 доллар расид.

Қимати тилло ки Қирғизистон содир мекунад ва қимати газ, манбаи даромади Туркманистон ҳам поин омад ва дар натиҷа қурби пули миллии ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла сомонӣ (33 дарсад), тенгеи Қазоқистон бештар аз 70 дарсад поин омаданд ва қудрати харидории мардум ҳам суст шуд. Бар иловаи ҳамаи ин, Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон ранҷи буҳрони иқтисодиро бештар мекашанд, чун бо рукуди иқтисоди Русия интиқоли пули муҳоҷирон ҳам кам шудааст.

Мақоми Иттиҳоди Аврупо дар робита ба суоли Озодӣ дар бораи ин мушкилот ва нигарониҳои амниятӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон гуфт, "посух ба ин чолишҳо дар минтақа набояд бо каму камтар кардани ислоҳот бошад. Мо бо назардошти таҷрибаи худ дар Иттиҳоди Аврупо медонем, ки волоияти қонун, риояи ҳуқуқи инсон заминаҳои аслӣ барои амният ва инкишоф аст."

Ба гуфти ӯ, Иттиҳоди Аврупо омода аст, бо истифода аз таҷрибаи худ ва технологияҳои нав ба кишварҳои минтақа дар роҳи модернизатсияи иқтисоду ислоҳот ёрӣ кунад. Ӯ афзуд, Иттиҳодияи Аврупо аз Стратегияи нави миллии рушди Тоҷикистон, ки дар ҳоли таҳия шудан аст, истиқбол мекунад ва айни замон роҳҳои кумак барои иҷрои он баррасӣ мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон баъди анҷоми стратегияи миллии рушди кишвар, ки барои солҳои 2007-2015 буд, ҳоло тарҳи стратегияи нав барои солҳои 2016-2025 -ро омода мекунад.

Муколамаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 18 май ва як рӯз пеш аз он баргузор шуд, ки ҳудуди 30 зан ва ҷавони тоҷик дар назди дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ҷамъ омада, талаб карданд, дипломатҳои аврупоӣ Муҳиддин Кабирӣ – раҳбари ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва, ба гуфтаи онҳо, “хоинони дигарро” ба Тоҷикистон супоранд.

Дар вокуниш ба ин тазоҳурот Ҳидоят Бишевич - раҳбари дафтари ин иттиҳод дар Душанбе, гуфт ҳайрон аст, чаро бо вуҷуди ҳамкориҳои хуби ду тараф ва садҳо миллионе евро, ки Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон кумак мекунад, бархеҳо дар Душанбе Иттиҳодияи Аврупоро ба истилоҳ “душмани” Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG