Нозирони ИДМ раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистонро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ хонданд. Владимир Горкун, раҳбари миссияи нозирони ИДМ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “миссияи назоратии ҳамапурсӣ аз ҷониби нозирони ИДМ ба поён расид ва мо тибқи хулосаҳои хеш гуфта метавонем, ки аввалан барои гузаронидани ин маъракаи муҳим аз ҷониби масъулин хеле тайёрии хуб дида шуда буд. Дуюм, бо назардошти риояи қонунҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон амалӣ гардидааст, ки инро бе шакку шубҳа дар симои раъйдиҳандагон мушоҳида мекардем. Ба мо маълум шуд, ки мардум ин ҳамапурсиро хуб дарк кардаанд ва барои ояндаи кишвари хеш бетараф нестанд”.
Дар ҳамин ҳол, Ван Кай Ве, раҳбари миссияи нозирони СҲШ дар робита ба раъйпурсии дирӯза гуфт: "Аз хулосаи нозирони мо чунин маълум шуд, ки барои гузаронидани ин маърака хеле омодагии ҷиддӣ дида шудааст ва мардум ҳама инро хуб дарк намудаанд. Мо аслан барои мониторинг омада будем, вале аз маъракаи дирӯза чунин бардошт кардем, ки гӯё барои ҷашну хурсандӣ омадаем. Зеро дар кадом ҳавзае, ки рафта назорат намудем, мардум бо рӯҳияи баланд ва хушҳолона барои овоздиҳӣ омада буданд.”
Дар раъйпурсии рӯзи 22-юми май нозирон аз кишварҳои ғарбӣ ширкат надоштанд. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид қаблан мақомоти тоҷикро тавсия дода буд, ки беҳтар аст ин раъйпурсиро баргузор накунанд, зеро он бидуни ширкати намояндагони мухолифон сурат мегирад.
Мақомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз, 23-юми май натиҷаҳои муқаддамотии ин раъйпурсиро эълон карданд, ки тибқи он 94,5 дарсад аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ карданд.