Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занозанӣ дар қабристон ангезаи маишӣ дорад"


Занозанӣ дар қабристони "Хованское"-и наздикии Москва эҳтимол дорад дар заминаи низои маишӣ миёни яке аз ҳамлагарон ва муҳоҷирони меҳнатӣ рух дода бошад. Ин фарзияро дар бораи занозании оммавӣ дар қабристони "Хованское" нашрияи "Коммерсант"-и Русия пешниҳод кардааст.

Фармоишгари эҳтимолӣ, тавре ҳамсуҳбати нашрия мегӯяд, аз пардохти пул саркашӣ карда, субҳи рӯзи дигар қабри фармоишшударо дар ҳолати валангор дидааст. Ин мард ба дӯстони варзишгараш муроҷиат кардааст. Варзишгарон, тавре нашрия менависад, аз фурсат истифода бурда, ният доштанд аз муҳоҷирон "ҳақ" ситонанд ва ё онҳоро комилан аз қабристон биронанд. Дар натиҷа ҳамлагарони эҳтимолӣ, ки теъдодашон кам буд, талош карданд қабристонро тарк кунанд, аммо фурсат наёфтанд, менависад нашрия.

Тибқи навиштаи нашрия, мудири пешини қабристон Юрий Чубаев, ки Кумитаи тафтишотии Русия ӯро созмондиҳандаи эҳтимолии занозанӣ унвон кард, дар воқеъ мехост аз ин занозанӣ пешгирӣ кунад.

Бино бар иттилои вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин занозанӣ наздики 200 нафар иштирок кардааст. 3 нафар кушта ва бештар аз 20 каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол, бештар аз 100 гумонбари ин занозанӣ боздошт шудааст. Муфаттишон сабаби асосии ин занозаниро "ангезаи молӣ" унвон мекунанд

XS
SM
MD
LG